20 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуоти КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре дар изҳороти якҷояи ширкаткунандагони Ҷаласа омадааст, ҷонибҳо зикр карданд, ки вазъи Афғонистон мураккаб боқӣ монда, амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд.
Дар ҳошияи равандҳои ташаннуҷи вазъият, тамоюли ҷалбсозии ҷавонони мансуби миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ҷой дорад.
Созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ зикр мекунанд.
Бо мақсади ба эътидол даровардани вазъияти Афғонистон имконияти ташкилоти байналмилалие, ки иштирокчиёни ҷаласа узви онҳо мебошанд, истифода бурда шавад.
Иштирокдорони ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки баҳри ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро коркард намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд.