Чанде қабл дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили муаррифии китоби тозанашри «Се шоҳкор», ки романҳои оламшумули нависандагони машҳури ҷаҳонӣ – «Шодравон Маттиа Паскал»-и Луиҷи Пиранделло, «Гетсбии муаззам»-и Френсис Скот Фитсҷералд ва «Гурги даштӣ»-и Ҳерман Ҳессеро дар тарҷумаи шоир, нависанда ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Салими Зарафшонфар дарбар гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин маҳфил аҳли илму адаб ва алоқамандону дӯстдорони адабиёти ҷаҳон ширкат доштанд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод дар бораи романҳои мазкур ва заҳмату кӯшиши тарҷумон дар баргардони он ба забони тоҷикӣ сухан гуфт. Мавсуф зикр кард, ки ин романҳо аз ҷумлаи асарҳои машҳуртарин ва серхонандатаринеанд, ки ба аксар забонҳои дунё тарҷума шудаанд.
«Тарҷумаи ин романҳо ба забони тоҷикӣ кори сангину душвор аст ва на ба ҳар тарҷумон муяссар мегардад. Аз ин хотир кори Салими Зарфшонфар шоистаи пазироӣ ва қадрдонии хос аст»,—гуфт ӯ.
Зикр шуд, ки «Се шоҳкор» яке аз дастовардҳои муҳими тарҷумаи бадеии мо дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
Дар бораи хусусиятҳои тарҷумаи «Се шоҳкор» ва заҳмату кӯшиши тарҷумон адибону адабиётшиносон Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Муртазо Зайниддинзода, Сироҷиддин Икромӣ, Абдураҳмон Абдуманнон ва дигарон изҳори назар карданд.
Дар фарҷом мудири бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи тарҷума ва нашри китоби мавриди назар ва аҳамияти он сухан гуфт.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти тарҷумонии Салими Зарафшонфар чун фаъолияти шоириву носирии ӯ доманадор буда, хонандагони тоҷик аз тарҷумаҳои зиёди ӯ аз адабиёти дунё баҳравар шудаанд. То кунун аз сӯи ин адиби пуркору заҳматкаш асарҳои «Ҷейн Эйр»-и Шарлотта Бронте, «Гора»-и Р. Такур, «Дастпонаи ақиқнигин»-и А. Куприн, «Дӯсти Дилнавоз»-и Г. Д. Мопассан, «Саҳифаи муҳаббат»-и Э. Золя, «Марианна»-и П. Лагер Квист, «Обхези найсон»-и И. С. Тургенев, ҳикояҳои Акутагава, О. Генри ва дигар асарҳои мансуру манзум дар сатҳи баланд тарҷума шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»