Дирӯз 5 октябри 2021 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбари навтаъини Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, лоиҳаҳои амалигардида ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.