Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев доир гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик карда, ба ӯ сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд. Дар ин зимн сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба пешрафти босуботи кишвари мо дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби муҳтарам Илҳом Алиев ба таври хосса таъкид гардид.
Президентҳо ҷанбаҳои рӯзмарраи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуда, ҷараёни рушди мусбат ва тавсеаи онҳоро ба нафъи мардумони ба ҳам бародари кишварҳои мо қайд карданд.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ анҷом ёфт.