1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони меҳнатдӯсти ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми минтақаҳои ватани азизамон ба таври назаррас ободу зебо гардид, ки ноҳияи зебоманзари Мир Саид Алии Ҳамадонӣ яке аз онҳо мебошад.
Мардуми шарафманди ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 290 иншооти иҷтимоиву иқтисодиро бунёду азнавсозӣ кардаанд, ки 48 иншоот илова ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия мебошад. Дар иншооту корхонаҳое, ки имрӯз ба фаъолият оғоз мекунанд, 230 ҷойи кории доимӣ ва 150 ҷойи кории мавсимӣ муҳайё карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сокинони ноҳия, шахсони саховатпеша, махсусан, соҳибкорону сармоягузорони ноҳия, ки барои ободу зебо гардонидани диёри худ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба сокинони маҳаллӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона намудааст.
Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 752 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи он 130 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 175 лоиҳа ба маблағи умумии 517 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои беҳтар намудани инфрасохтори ноҳия ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона шудаанд.
Дар заминаи барномаву нақшаҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабулгардида тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия беш аз 38 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, вале имкониятҳои дар ин самт мавҷуда ҳанӯз ҳам пурра истифода нагардидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҳудуди ноҳия 66 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи саноати коркард ва 25 корхонаи саноати истихроҷ фаъолият дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони масъулро вазифадор карданд, ки аз захираву имконоти истифоданашуда ҷиҳати пешрафти соҳа баҳрабардорӣ намоянд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади муҳайё кардани шароити замонавии таълиму тарбия дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 34 бинои нави таълимӣ барои зиёда аз 14 ҳазор хонанда ба маблағи беш аз 73 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар зарфи сӣ соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустии ноҳия низ аҳаммияти хосса дода, ҳоло дар ҳудуди ноҳия 58 муассисаи тиббӣ ба мардум хизмат расонида истодааст.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, хусусан, бо дарназардошти вазъи минтақа ва ҷаҳони имрӯза бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.
Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия хонандаи мактаб, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” Муҳиба Шарифова ва шоир Алимуҳаммад Муродиён баромад карданд.