1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим, ки пурра таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид намуданд.
Муассисаи фарҳангӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша, бо санъати баланди меъмории миллӣ таъмиру навсозӣ гардидааст.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Одина Ҳошим дар рушду нумӯи санъату фарҳанги миллӣ ва эҳтирому қадршиносӣ аз ин шахсияти шинохта бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Филармонияи мардумӣ ба номи ӯ гузошта шуд.
Бинои муҳташам бо саҳнаи барҳавову курсиҳои бароҳат, ҳуҷраҳои корию ёрирасон барои ҳунармандон ва долони мунаққаш қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия зебоии хосса зам кардааст.
Дар як гӯшаи бинои Филармонияи мардумӣ осорхона таъсис ёфта, дар он маҳсули офаридаҳои ҳунарманди зиндаёд Одина Ҳошим, созҳои мусиқӣ, аксҳо аз сафарҳои ҳунарӣ ва либосҳои ӯ ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳар нафаре, ки ба ин бино ворид мегардад, нахуст аз осорхона дидан карда, баъдан аз тамошои барномаҳои ҷолибу хотирмони фарҳангӣ ғизои маънавӣ мегирад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва шароити муосири фароҳамгардида дар Филармонияи мардумӣ баҳои баланд дода, саҳм ва нақши фарҳангро дар рушди маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон бузург арзёбӣ намуданд.
Толори калони бино 210 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузор кардани барномаҳои гуногуни консертӣ ва маҳфилҳои бошукӯҳи фарҳангӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Минбаъд аҳли санъату фарҳанги ноҳия чорабиниҳои фарҳангиро дар бинои зебою замонавӣ барпо менамоянд.
Айни замон дар Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошими ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 26 нафар фаъолият доранд, ки бештари онҳо ҳунармандони касбӣ ва ҷавонони боистеъдод мебошанд. Гурӯҳи ҳунармандони Филармонияи мардумӣ аз эҷодиёти устоди санъати тоҷик Одина Ҳошим барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуд.