Гирдиҳамоии теъдоде аз занони афғон дар Кобул ба дахолати тунди Толибон ва бархӯрди хушунатомези онҳо оварда расонд.
Тавре Агентии хабаргузории Франс Пресс рӯзи панҷшанбе (30 сентябр) бо такя ба манбаъҳояш дар Афғонистон хабар дод, ки шумораи зиёди занони афғон барои талаби ҳуқуқи таҳсилашон ҷамъ омада, тазоҳурот ташкил доданд, ки аз ҷониби Толибон хуш пазируфта нашуд. Онҳо бо тирандозӣ ба ҳаво тазоҳургаронро пароканда карданд.
Тибқи гузориши манбаъ, тазоҳургарон тақрибан шаш зани ҷавон будаанд, ки се нафари онҳо бо ниқоб ва пушиши исломӣ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат варзида, дар даст баннереро бо забони англисӣ доштанд, ки дар он “маорифро сиёсӣ накунед” навишта шуда аст. Пас аз се дақиқа се зани дигар дар даст шиорҳое бо номи “Қаламҳои моро нашиканед!”, “Китобҳои моро насӯзонед!” ва “Мактабҳои моро набандед!” доштанд, ба дигар занони эътирозгар ҳамроҳ шуданд.
Саркӯбии хушунатомези Толибон ба тазоҳургарон бо ҳамлаҳои тирпаронӣ дар ҳаво ва инчунин ба тела додани духтарон ва гирифтани баннерҳо анҷомид. Ҳамзамон, дигар аъзоёни ҳаракати Толибон ба хабарнигорони хориҷӣ ҳамла карда, аз наворгирӣ ва наворбардорӣ ҷилавгирӣ мекарданд. Маврид ба ёдоварист, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, онҳо занонро аз таҳсил ва кор маҳрум карданд, сипас вазорати умури занонро ба вазорати амр ба маъруфу наҳй аз мункар иваз карданд. Ин иқдоми Толибон вокунишҳои шадиди байналмилалӣ ва мухолифати занони афғонро ба бор овардааст.
Манбаъ: www.vot.tj