Банда ҳамчун як тоҷики ватандӯст имрӯз ифтихор дорам, ки Сарвари давлати мо, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати хоси худ ба ҳимояи тоҷикони Афғонистон садо баланд карданд. Чаро ба ҷуз як-ду нафар дигарон бетарафу хомӯшона ин геносидро таҳаммул мекунанд!? Оё ин нангро чӣ гуна хоҳанд бардошт!? Чаро ин абарқудратон имрӯз хомӯшона ҷонибдори толибонанд? Ҳарчанд ки бо амалу сиёсати онҳо мувофиқ нестанд, ҳарчанд ин ҳаракатро дар кишварҳои худ мамнӯъ эълон карда буданд?! Ин савол дар паси худ чандин саволи беҷавоби дигар дорад. Охир принсипҳои давлатдории толибон ба куллӣ муқобили ҳадафҳои давлатдории онҳост-ку?
Аксари мо умедвор будем, ки бо омадани толибон лоақал ҷанг дар Афғонистон поён меёбаду сулҳ ва ризоияти миллӣ устувор мегардад. Аммо ҳуҷуми толибон ба Панҷшер ин умедро бар бод дод.
Чунин андеша дорад дар мавриди ҷанги нобаробари Афғонистон Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
-Вокуниши саривақтиву далеронаи Президенти Тоҷикистон ба амалиёти шигифтангези толибон, ки ҳадафи маҳв ва саркӯб кардани як халқ, як миллати соҳибтамаддуну хайрхоҳу некманиш – тоҷиконро дорад, бори дигар сиришти инсонпарварона ва миллатдӯстонаи Президенти мо ва ҷасорати мардона, далерию нотарсии ӯро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод. Ин ҷуръате буд, ки ҳама нозирони бетараферо, ки ба даҳон об гирифтаанд, мулзам месозад. Воқеан дар ростои далелҳои овардаи Сарвари кишвари мо онон лол мондаанд. Бубинед, агар имрӯз як нафар журналист ва ё инсоне, ки барои ғояҳое дар кишваре боздошту ҳабс мешавад, тамоми созмонҳое, ки ба ном аз ҳуқуқи башар ва озодии сухану инсон дифоъ мекунанд, барои ҳимояи ӯ ба по мехезанду ҳангомаҳо дар расонаҳои байналмилалӣ, дар байни ҷомеаи сиёсии дунё мебардоранд. Аммо чаро дар ҳаводиси Афғонистону таҷовузи халқи бегуноҳи Панҷшер, ки теъдоди зиёди журналистон таъқиб ва кушта шудаву мардону занону кӯдакони бегуноҳ қатли ом мешаванд, ҳама хомӯшанд?! Ин суоли адолатхоҳонаи Сарвари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон интизори посухи ҷомеаи башарист.
Аммо, дареғ! Мо тоҷикон бояд аз худ намонем. Ин андешаро ҳам Пешвои миллати мо борҳову борҳо таъкид намудаанд: “Ба умеди дигарон нашавед! Аз худатон намонед!”
Тоҷикон мардумеанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо сиришти пок, гуфтору кирдору пиндори нек ном баровардаанд. Хайрхоҳӣ, инсонпарварӣ, башардӯстӣ, раҳму шафқат, хайру саховат сифатҳое мебошанд, ки ба симои инсонии тоҷикон дар олам ва дар таърих дурахши хосса бахшидаанд.
Имрӯз ҳам Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хонаи сулҳу дӯстӣ ва маҳзари меҳру муҳаббати инсонҳост, ки ҳамеша дарҳояш ба рӯи оламиён боз аст.
Тоҷик дар ҳар куҷое бошад, шарафи инсонӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва маниши нек бо ӯст.
Бадбахтона, имрӯз ҳамин миллати соҳибхираду соҳибтамаддун, ҳамин халқи хайрхоҳу бегуноҳ, небину некхоҳ дар Афғонистон, дар дараи кӯчаку номдори Панҷшер гирифтори геносиди байналмилалӣ қарор гирифтааст.
Ин халқи кӯчак, аммо қаҳрамон тани танҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси падарон, барои дифоъ аз зану фарзанду дару хона, барои ҳимояи ҳувият ва забони миллӣ бархоставу ҳадафи бераҳмонаи тирборони армияи бузурги чандинҳазорнафараи толибон ва ҳомиёну дастгирони абарқудрати онҳо қарор гирифтааст.
Забони дарӣ, порсӣ-тоҷикӣ, ки ҳазорсолаҳо илму адабиёти оламшумул офаридааст, имрӯз баъд аз омадани толибон дар сарзамини падарони худ дигар дар расонаҳои расмӣ ками кам садо медиҳад. Ҳадафи ғосибон маълум: куштани фарҳанг, илму адаб ва маърифати оламшумулест, ки на фақат боигарии миллати мо, балки аз тамоми олам аст.
Дар ин ҷанги нобаробар ва саропо беадолатонаву беинсофона тоҷикони Панҷшер ҳадафи тирборони номардона қарор гирифтаанд. Ҷавонмардони Панҷшер барои дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан шарафмандонаву бедареғ ҷон нисор мекунанд.
Аммо чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ, абарқудратоне, ки даъвои башардӯстиву адлу инсофу демократия доранд, ин қатли оми халқи бегуноҳро дидаву хомӯшанд. Гумон мекунам, ин хомӯшӣ баробари дастгирӣ аз онҳост. Шояд бо дахолати онҳо имкон дошт, ки пеши роҳи ҳамдигарнофаҳмӣ ва хунрезӣ гирифта шавад. Аммо ин кор нашуд. Чаро?
Панҷшер таслим нахоҳад шуд! Чуноне ки пири фозилаш Ҳаким Фирдавсӣ фармудааст: ҳама сар ба сар тан ба куштан хоҳад дод, аммо таслим нахоҳад шуд. Ҳама ин абарқудратон огоҳии хуб доранд, ки халқи Панҷшер гуноҳе надорад, ин халқест, ки ба дифои марзу бум ва зану фарзанди хеш бархостааст. Аммо толибон ва ҳомиёни онҳо бо неруи даҳҳо баробар афзун беадолатона ба куштори халқи бегуноҳ даст задаанд.
Мо медонем, ки агар чунин давом кунад, ҷавонмардони Панҷшер то охирин тан дар дифои ватан ҷон сипар хоҳанд дошт.
Банда ҳанӯз дар оғози ин даргириҳо ду пора шеъре ба ҳаводиси Афғонистон бахшида будам- ба фоҷиаи мардуми Афғонистон ва ҷоннисориҳои қаҳрамонони Панҷшер, ки ҳанӯз ба дасти чоп насупурда будам.
Аммо баъд аз ҳуҷуми толибон ба Панҷшер ва даъвати Сарвари шуҷои Панҷшер Аҳмади Масъуд, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф набуданро тақозо дошт, тасмим гирифтам онҳоро дар ҳамсадоӣ бо Пешвои миллати тоҷик, Президенти миллатдӯстамон бо иловаи як пора шеъри нав бо номи “Шерони Панҷшер” ба нашр диҳам.
ШЕРОНИ ПАНҶШЕР
Панҷ шери Панҷшер, инак, ҳазорон аст,
Ҳар нафар хурду бузургаш шери майдон аст.
Ин садоқат, ин ҷасорат дар куҷо пайдост?
Зарраи хоки Ватан дар қимати ҷон аст!
Бонги такбир аст дар лаб вожаи Меҳан,
Вожаи Меҳан тилисми ҳақпарастон аст.
Рӯҳи Фирдавсӣ сарафроз аст дар ин қавм,
Амри Фирдавсӣ ба ҳар чашме фурӯзон аст.
Ҷон диҳем, аммо Ватан поянда хоҳад буд,
Ҷавшани Меҳан ба ҳар ҷисме ба ҷавлон аст.
Ҳар нафар ин ҷо Сиёвуш, ҳар нафар Рустам,
Хест Бӯмуслим зи нав, ин ҷо Хуросон аст.
Ҳар тане худ қалъаи нанги диёри мост,
Тифл сарбоз аст, агарчи лаб ба пистон аст.
Пир ҳам дар каф силаҳ мардона бархезад,
Ҷон сипар кардан дар ин ҷо амри имон аст.
Ҳуррият ё марг, моро роҳи дигар нест,
Ҳифзи озодӣ муқаддас ҳукми виҷдон аст.
Тифли дар гаҳвора ҳам пайғоми озодист,
Ин замини родмардии ниёкон аст.
Аҳмади Масъуд бо амри Ватан бархост,
Панҷ шери Панҷшер, инак, ҳазорон аст!
Бар дифоъи Меҳану бар ҳифзи имон хез,
То туро хуне ба шарёну ба тан ҷон аст!!!
02.09.2021.
Аммо банда ҳанӯз 25 август, дар оғози ба сари қудрат омадани толибону фирори шармандавори амрикоиён пораҳои манзуми зерро, мисли ин ки пешгӯӣ карда бошгам, навишта будам, ки он вақт беинтишор монд:
ПАЙКАРИ МОСТ КУНУН ПАЙКАРИ НАНГ
(БА ЁДИ ҚАҲРАМОНМАРДИ ВАТАНДОР АҲМАДШОҲИ МАСЪУД)
Эй дареғо..,
ба кароҳат, бо тарс
Мегурезанд зи хоки Меҳан…
Кист оне ки ба каф ҷон монад,
То шавад марҳами ҷону
дили чоки Меҳан.
Кист оне ки Ватанро танҳо
Нагузорад,
наравад дил канда..!?
Кист оне ки зи тарси ҷонаш
Ба ҳаросу ба талош
Наравад аз бари ин хоки муқаддас
Саркану поканда..!?
Оҳ фаҳмед, ба сад дард аз умқ
Мекашам ин ҳама алфоз ман аз
умқи нагун,
Эй дареғо, ки ватандор гурезон бошад
Аз бари Меҳани оғушта ба хун,
Аз бари тифлаки зору гирён,
Аз канори падару модари афтода забун…
Оҳ, сад ҳайфи Хуросони бузург,
Ворисони ҳама он нобиғагон!
Ин замин хоки ҷавонмардон аст
Ёд оред зи Бӯмуслиматон…!?
Мегурезед ҳаросон, э вой,
Бо ҳамин ҷисми тиҳӣ аз дилу ҷон.
Ба куҷо бо ҳама ин беборӣ!?
Ба куҷо бо ҳама ин бори гарон!?
Оҳ, то ҳол нафаҳмидӣ, ҳадаф
Куштани асли забони ману туст!?
Куштани порсиву тоҷикӣ
На забон аст, ки ҷони ману туст! …
Кист оне ки сипар карда танаш
Ба дифои Ватанаш бархезад,
На ки тарсону ҳаросон ин сон
Ҳирси ҷон рӯи кафаш бигрезад!?
Андар ин хок футувват рӯйид,
Ба ҷаҳон пайки ҷавонмардӣ бурд,
Ту магӯ оташи садасраи мо,
Инак аз як нафаси наҳс бимурд…
Инак, акнун бубаро аз дари нанг,
Паси ҳар санг бувад сангари нанг,
Ба дифои Ватани беҳ аз ҷон
Пайкари мост кунун пайкари нанг!
Ба дифои Ватану модару тифл
Ман фарорафта зи тан хоҳам буд!
Дар ҳама ҷабҳа алайҳи душман
То нафасҳои пасин,
то ҳастам,
Теғу шамшери Ватан хоҳам буд…
Охирин тири Ватан хоҳам буд!
Бе шикан хоҳам буд!!!
ХУРОСОНО, ХУРОСОНИ БУЗУРГОН!
ДАР ҲАВОИ ҲАВОДИСИ АФҒОНИСТОН
Хуросони бузург, акнун ба по шав!
Зи сеҳру банди ғафлатҳо раҳо шав!
Хуросоно, Хуросони бузургон!
Ту худ шерӣ, чаро тарсӣ зи гургон!?
Зи нав бар ҳифзи худ мардона бархез,
Намон дар хонаат бегона, бархез!
Ҳама тан нанг шав, аз ҷони реш ой!
Ба ҳифзи шаъну имонат ба пеш ой,
Зи хуни худ бизан бар парчамат ранг,
Зи ҳар мардад бино кун қалъаи нанг,
Ки ҷоиз нест, к-ин хоки муқаддас,
Шавад помоли гарди пои нокас.
Замини он абармардони дунё,
Замини Мавлавӣ, Ҷомию Сино,
Замини родмардиву футувват,
Замини маҳзари нуру нубувват
Парешон асту дар коми ҷаҳолат!?
Тавон оё пазируфт ин қабоҳат?
Ба ёд овар, ки Аҳмадшоҳи Масъуд
Кулаҳ аз сар ба хок афканду фармуд:
Ки ҳадди ин кулаҳ то ҳаст Меҳан,
Ба ҳифзаш мебароям бо ҳама тан…
Ба душман як ваҷаб роҳи гузар нест,
Маро ҷуз ҷони тан дигар сипар нест.
Ҳама хезед баҳри Меҳани худ,
Ба ҳифзи модару тифлу зани худ,
Шараф бодо нисори ҷони Меҳан,
Намебахшем Меҳанро ба душман…
Аё эй ҷабрдида Меҳани ман,
Бувад ҳар сангат, инак, сангари ман,
Сари ман зидди душман тир гардад,
Тамоми пайкарам шамшер гардад,
Хуросоно, Хуросони бузургон!
Ту худ шерӣ, чаро тарсӣ зи гургон!
Биёву Рустаматро рӯи тахт ор,
Хуросоно, Худо бодат мададгор!
25.08.2021.