Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Абдусаломов Мирзошариф дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, ки саҳми ЮНЕСКО дар муаррифии таъриху фарҳанги миллати мо бузург буда, қобили таҳсин мебошад.
Дар ҷавоб ба суоли аз натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои СММ ҳамсуҳбати сомонаи Вазорати фарҳанг гуфтааст, ки Мирзошариф Абдусаломов гуфтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳоди ЮНЕСКО-и СММ ба Феҳристи ҷашнвораҳо санаҳои 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абу Абдулло Рӯдакӣ (соли 2009); 100 – солагии шоири миллии замони шуравии тоҷик Мирзо Турсунзода (соли 2009); 100 – солагии бастакори шуравии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ (соли 2014); 600 – солагии нависанда, шоири тоҷику форс, файласуф, мусиқишинос, инсондӯст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014); 3000 – солагии шаҳри қадимаи Ҳисор (соли 2015); 700 – солагии шоир, олим ва файласуфи тоҷику форс Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015); 100 – солагии асосгузори хареографияи тоҷик, бастакори опера ва рақсҳои тоҷикии замони шуравӣ Ғафор Валаматзода (соли 2016); 1250 – солагии олим, мутафаккири тоҷику форс Ҳакими Тирмизӣ (соли 2016); 1150 – солагии олим, табиб ва файласуфи тоҷику форс Зикриёи Розӣ; 400 – солагии шоири равшанфикри тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ (соли 2018) ва ғайраҳо ворид шуда, ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон” асарҳои “Куллиёт”-и Убайди Зоконӣ ва “Ғазалиёт”-и Ҳофизи Шерозӣ (соли 2003) дохил гардиданд.
Ҳамчунин, ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ Саразми бостонӣ (2010) ва Боғи миллии Тоҷикистон (2013) ворид гаштан, натиҷаи талошҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба буда, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии СММ “Шашмақом”(2008), “Наврӯз ва таоми миллӣ Оши палав”(2016), “Чакан-ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”(2018) шомил гаштаанд.
Ба иттилои Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар СММ ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг Абдусаломов Мирзошариф “Ҳулбук”, “Фалак” ва “Атласу адрас” ҳамчун номинатсияҳои миллии Тоҷикистон ва “Меҳргон” ҳамчун номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон барои баррасӣ пешниҳод гардида, ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ” ба шаҳри Душанбе (2004) сазовор донистана шудааст.
Гуфта шудааст, ки Вазорати фарҳанги Ҷҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар доираи лоиҳа ва барномаҳои огаҳӣ оид ба аҳамияти мероси хаттӣ ва барномаи “Хотираи ҷаҳон”, феҳристи ҷашнвораҳо, феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ, ҳифзи мероси фарҳангҳои ғайримоддӣ ва ғайраҳо ҳамкорӣ менамоянд.
«Айни замон ҳамкориҳо бо ниҳодҳои СММ, аз ҷумла бо ЮНЕСКО дар сатҳи хуб қарор дошта, дар ояндаи наздик кӯшиш менамоем, ки ба тақвияту таҳкими он нерӯи зеҳнӣ ва амалии бештарро сарф намоем. Ҳамзамон, пешниҳод менамоем, ки ниҳодҳои СММ дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, тармиму барқарорнамоии онҳо ва барои ба руйхати Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид намудани арзишҳои фарҳангии кишвари мо мусоидат намоянд», -хулоса намудааст Абдусаломов Мирзошариф.
Хотирасон мешавем, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО созмон дода шудааст. Комиссияи мазкур пайрави ҳадафҳои ЮНЕСКО буда, ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз дар муколама миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои гуногун фаъолият менамояд. Мақоми мазкур вазирон, олимон, рассомон, намояндагони зиёиёни зеҳнӣ ва дигар шахсони боистеъдодро муттаҳид месозад. Инчунин, байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоро ба танзим медарорад.