Дар Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ Барномаи мобилии “Соҳибкор” муаррифӣ гардид.
Муаррифии барнома бо иштироки ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, соҳибкорони навтаъсис ва намоянадгони бахши хусусӣ доир гашта, дар он қайд намуданд, ки барномаи мазкур ҳамчун маҳзани иттилоотии дастгирии давлатии соҳибкорӣ хизмат намуда, истифодабарандагон метавонанд маълумот оид ба санадҳои меъёриву ҳуқукӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақшаи санҷишҳои мақомоти санҷишӣ ва сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тариқи электронӣ дастрас намоянд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мобилии “Соҳибкор” такмил дода шуда, рӯзҳои наздик дар барномаҳои Play Market ва AppStore нашр мегардад.