Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ шудаанд.
Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии СҲШ оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ишора карда, илова намуд, ки Тоҷикистон Консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамиро қабул намуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 то инҷониб расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.
Ба навиштаи сомонаи Вазоарти рушди иқтисод Завқӣ Завқизода қайд намуд, ки ҳиссаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои СҲШ 61 фоизро ташкил дода, шарикони асосии тиҷоратӣ Федератсияи Россия, Хитой, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон қайд гардид, ки минтақаи СҲШ ба маркази ҷалби тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёни молиявӣ табдил ёфта, як бозори азими истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматҳо мебошад, ки барои васеъшавии савдои мутақобила имкониятҳои васеъ фароҳам меорад ва солҳои охир ин минтақа дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти назаррас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.
“Вобаста ба ин Завқизода З. А. таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия доданд”,-мегӯяд манбаъ.
Бояд гуфт, ки тиҷорати электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.