Расмикунонии муҳоҷирон дар Россия тамдид шудааст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ки расмикунонии шаҳрвандони Тоҷикистон барои иқомат дар Россия  ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ то 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шудааст.

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Русия “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дошта пас аз он шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз давлати иқомат ихроҷ карда мешаванд.

“Инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҳамагири ҷаҳонӣ натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи муайяншуда метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубора ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд”- хабар медиҳад “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи фармони мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.

Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ ҷиҳати расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;

ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

ш. Новосибирск: +7(965)3586161;

ш. Уфа: +7 (915) 4883223;

ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;

ш. Астрахан: +7(977)2720001.

ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548 ё тариқи почтаи элетронӣ: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru.