Федератсияи Россия барои 50 ҳазор нафар сокини Тоҷикистон ваксинаи “Спутник V” ирсол кард ва дар асоси рӯйхати тартибдодашуда ба шаҳрвандон гузаронида мешаванд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовинони вазири тандурустӣ, намояндаи ваколатдори Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ваксинаҳоро қабул карда, барои нигаҳдорӣ ба анборҳои махсуси Вазорат равона карданд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 11 августи соли равон 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.