Варзишгарони тоҷик барои Ҷоми FIAS талош мекунанд

Чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) иштирок мекунанд.

Федератсияи байналмилалии самбо гуфтааст, ки  мусобиқа дар шаҳри шаҳри Санкт Петербурги Россия миёни 56 варзишгари мард доир мегардад ва чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – барои ба даст овардани Ҷоми Президенти FIAS талош мекунанд.

Ба иттилои «Ховар» Ҷоми Президенти FIAS аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон сурат мегирад: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг. Дар ҳар вазн 8 варзишгар аз 21 давлат қувва меозмоянд: Арманистон, Беларус, Булғория, Венесуела, Гурҷистон, Испания, Камерун, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Марокаш, Молдова, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса, Хорватия, ШМА, Эрон ва Юнон.