Прокуратураи ноҳияи Рӯшон парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори КВД “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Рӯшонро ҷамъбаст карда, ба суд ирсол намудааст.
Тибқи нишондодҳои тафтишот Иззатбегим Вазирова бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз вазифаҳои хизматии худ шавҳараш Изатулло Мирзоҷоновро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо моҳи январи соли 2018 ба вазифаи нозир дар корхонаи мазкур ба кор кабул кардааст.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ҳамчунин “Вазирова И. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, тибқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби корхонаи мазкур Сарабеков С. аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷотҳо ғайриқонунӣ ба суратҳисоби шавҳараш дар маҷмӯъ 15 882,36 сомонӣ гузаронида, онро азони худ кардааст. Ин дар ҳолест, ки Мирзоҷонов И. зиёда аз 2 сол боз дар ин вазифа фаъолият накардааст”.
Манбаъ мегӯяд, ки зарар ба давлат пурра барқарор шуда, бо ҳукми суди ноҳияи Рӯшон Вазирова И. ва Сарабеков С. дар содир намудани ҷиноятҳои болозикр гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд.
Хотирасон мекунем, ки бино ба маълумоти Агентии мубориза бо коррупсия давоми ним соли охир дар Тоҷикистон 96 ҳолати нақзи қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ошкор шудааст.
Моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” кори якҷояи хешовандон дар як идораи давлтиро манъ кардааст. Гуфта мешавад, ки хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад.