Даъвати раиси н. Мастчоҳ ба ваксинатсия ва кумак барои мубориза бо коронавирус

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода аз тамоми сокинони аз 18-сола болои ноҳия даъват намудааст, ки барои ҳифзи саломатии худ ва аҳли ҷомеа ба марказҳои саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар нуқтаҳои муқарраргардида, ҳозир шуда, ваксина гиранд.

Дар матни муроҷиатнома, ки дар як саҳифаи фейсбукии марбут ба мақомоти ноҳия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста  тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин замина, пеш аз ҳама, фаъолияти ситоди ноҳиявӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурзӯр гардида, барои вусъат бахшидани раванди безараргардонӣ, захираи доруворӣ, табобати саривақтии нафароне, ки бо аломатҳои бемории мазкур бистарӣ гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида шуда  истодаанд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар хитоб ба падарону модарон гуфтааст, ки «дар чунин рӯзҳо  бояд фарзандони пайвандони худро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт кунед, азиз доред ва заррае беназорат нагузоред.  Онҳоро дар хона ба мутолиаи китоб, варзиши бадан ҷалб намоед, то ба соли нави таҳсил комилан омода шаванд».

Тоҳир Азиззода, ҳамчунин соҳибкорони созандаву ободкор ва бонангу номуси диёр ва ҳамаи  онҳое, ки имконияти хуби молиявӣ дорандро даъват кардааст, то  дар муқобила бо бемории коронавирус  аз самими дил саҳми арзандаи худро гузоранд  ва ғамхори афроди ниёзманд бошанд.

«Боварии комил дорам, ки мову Шумо – ҳамдиёрони азиз ва тамоми сокинони сарбаланди кишвари маҳбубамон бо ёрии ҳамдигар ва дар партави иҷрои дастру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз пайи саломатии худ гардида, мушкилии навбатии мавҷи нави бемории мазкурро сарбаландона паси сар менамоем. Бо нерӯйи қавӣ, рӯҳи матин, қалби солим, иродаи устувор ва ҳисси баланди садоқату муҳаббат ба Ватан баҳри ободию пешрафти он бештар саъю талош менамоем»,-омадааст дар хулосаи ин муроҷиатнома.