Ҳаштумин Президенти ҶИЭ савганд ёд кард

5 август дар шаҳри Теҳрон маросими савгандёдкунии ҳаштумин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар ҳузури 265 меҳмон аз 115 кишвар баргузор шуд.

Тавре “Ховар” менависад, дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Алҷазоир Эймен бин Абдурраҳмон, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, сарони парлумонҳои Покистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия  ва Нигерия, инчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Уммон, Кувайт ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки Президенти тозаинтихоб савганд хӯрд, ки нигаҳбони Конститутсия ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд ва барои ҳалли мушкилоти мардум саъй мекунад.

Бояд гуфт, ки аз тарафи Тоҷикистон ба ин маросим раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  даъват шуда буд ва дар як мулоқот бо Президенти тозаинтихоби ҶИЭ М. Зокирзода салому эҳтиром ва орзуҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷаноби Сайид Иброҳим Раисӣ расонида, ёдовар шуд, ки “мехоҳам ба Шумо  ва роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии  Исломии Эрон барои даъвати ҳайати расмии Парлумони  Тоҷикистон ва истиқболу пазироии самимона изҳори минатдорӣ намоям”.