Имрӯзҳо аз сабаби ноустувории истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ҷомеаи ҷаҳониро хатари фақр таҳдид менамояд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бемории ҳамагири Ковид-19, дар баробари тағирёбии муҳити зист, тағироти ҷаҳонии иҷтимоиро дучанд намудааст. Дар ин ҳолат танҳо афзун гардондани истеҳсоли зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар баробари дигар омилҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Маҳз бо дарназардошти ҳамин маънӣ роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки имрӯз замоне фаро расидааст, ки аз замин ду ва ё зиёда аз он ҳосил бигирем.
Дар иртибот ба фарогирии хатароти ғизоӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ доктори илмҳои кишоварзӣ Курбоналӣ Партоев мегуяд, ки кишоварзон ҳамин шабу рӯз бояд ҳар қитъа заминро бештар аз пештар самаранок истифода баранду таҷрибаҳои ҷаҳониро дар ин самт амалӣ намоянд.
Имрӯз яке аз сабабҳои аслии самаранок истифода нашудани заминҳои корами обиро коршиносон дар дасти деҳқони асил набудани замин мебинанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки заминдоронеро, ки малакаи хуби деҳқониро намедонанд, бояд онҳоро ба таҷрибаивазкунӣ сафарбар намуд, зеро ин тоифа низ дар замони муосир мехоҳанд, аз замин истифода намоянд.
Воқеан ҳам ба хотири самаранок истифода бурдани замин якҷанд омилро бояд амалӣ кард, аввал ин ки замин бояд дар дасти соҳиби вокеиаш-деҳкон бошаду агротехникаи парвариш риоя шавад, дигар, аз обёрии катрагӣ истифода бурд.
Дар ҳамин ҳол зимни як суҳбат профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Раҳмонқул Раҳматуллоев гуфта буд, ки агар дар кишвари мо низ деҳқонон аз фарҳанги баланди обёрӣ истифода баранд ва ё аз обёрии сартосарии қатрагӣ истифодабаранд, ҳатман қабати ҳосилхези замин шуста намешаванду замин бамаротиб самаранок истифода мешавад.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Курбонали Партоев мутмаъин аст, ки агар деҳқон заминро саривакт киштгардон намояду аз нуриҳо самаранок истифода барад, ҳатман дурри мақсуд ба даст меорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид намуданд, ки кишоварзон ба хотири рӯёндани ҳосили баланд, заминҳо самаранок истифода баранду гузарондани чанд киштрро роҳандозӣ намоянд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ба таъмини амнияти ғизоии мамлакат таҳдид накунад. Ба ибораи дигар агар замин самаранок ва ба манфиат истифода шавад, онгоҳ кишоварз метавонад, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тарутоза таъмин намуда, сатҳи зиндагии худро баланд бардорад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои Тоҷикистон