Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуда, таъкид дошт, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳарду давлат дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд.
Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дода, илова кардааст, ки Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози суҳбат салому эҳтиром ва орзуҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷаноби Сайид Иброҳим Раисӣ расонида, ёдовар шуд, ки “мехоҳам ба Шумо ва роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъвати ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон ва истиқболу пазироии самимона изҳори минатдорӣ намоям”.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст.
Хотирасон мекунем, ки 4 август ҳайати парлумони кишвар бо даъвати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби ҶИЭ ба шаҳри Теҳрон сафар намуда буданд.