Ба сардорони 14 оилаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш аз тарафи раиси вилояти Хатлон калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд.
Ин оилаҳо, ки теъдоди умумияшон 41 хонаро ташкил медиҳад, дар пайи бориши борони зиёд ва омадани сел 11 майи соли 2021 хонаҳои худро пурра аз даст дода буданд. Аз хонаҳои зарардида то имрӯз 28-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки хонаҳои навбунёд аз 3 4 ҳуҷра иборат буда, бо тамоми шароити зарурии зиндагӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин, 15 июни соли равон Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар аз ҳолу аҳволи сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш дидан намуда, 8 манзили истиқоматии навбунёди сокинонро мавриди истифода қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи вилоятию ҷумҳуриявӣ дастур доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷӯйҳо, сарбандҳои рахнашуда ва дигар иншооти ифрасохторӣ тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.