Дар нишасти матуботии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфта шуд, ки зимни фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод ба маблағи умумии 235,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки аз ин ҳаҷм 178,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ барқарор шуд. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 49,5 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 128,9 млн. сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.
Ҳамчунин сохторҳои Агентӣ 1211 ҷиноятӣ коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 788 нафар ошкор намудаанд, ки 470 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.