Комроншоҳи Устопириён варзишгари маъруфи тоҷик, дар риштаи гўштини ҷудо, ки Тоҷикистонро дар варзни 90 кг дар Олимпиадаи Токио 2020 намояндагӣ мекард, шикаст хурд.
Дар даври дуюм рақиби варзишгари мо ҷудочии фаронсавӣ Аксел Клергет буд. Комроншоҳ бар муқобили ин варзишгари фаронсавӣ истодагари карда натавонист ва дучори бохт гардид. Шаббос Негматуллоев, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва инак Комроншоҳи Устопириён мутаассифона бохт домангирашон шуда, бо ин мусобиқаи бонуфуз видоъ гуфтанд.
Умед, ягона чизест,ки инсонро барои фардои дурахшон мутмаин месозад. Мо низ умед дорем варзишгарони дигари мо дар рақобатҳои баъди маҳорати валои варзиши нишон дода, талаби мухлисони тоҷик,ки медали олимпист, ба гардан меовезанд. Дар Олимпиадаи тобистонаи Токио 2020 ба варзишгаронамон пирўзиҳои бепоён таманно дорем!!!
Зиёвиддин Назаров
Радиои “Тоҷикистон“