Имрӯз дар Душанбе бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гардид.
Комиссия кори худро пагоҳ, 29-уми июл низ дар Китобхонаи миллӣ идома хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо тамоми масоили муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатиро баррасӣ хоҳанд намуд.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвар қайд гардида, таъкид шуд, ки омили асосии минбаъд тақвият бахшидани он муколамаи сиёсии дар сатҳи олии давлатӣ баамаломада, ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар соли 2020 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4,4 млн доллари ИМА кам мебошад, ки ин ба 36,6% баробар аст.
Гуфта шуд, ки гардиши мол байни кишварҳо дар соли 2020 аз ҳисоби воридот ба 7,8 млн. доллари ИМА баробар гардид.
Дар панҷ моҳи охири соли равон хаҷми гардиши тиҷорати беруна бо Туркманистон 4,4 млн доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2020 дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА зиёд гардидааст.
Ҳамзамон, тарафҳо баҳри тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба барқарорсозии ҳаҷми содироти маҳсулот, аз ҷумла қолин, нассоҷӣ ва маводи хӯрока мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самтҳои тиҷорату маориф, нақлиёту энергетика ва дигар соҳаҳои ҷавобгӯи манфиатҳои якдигар баррасӣ гардиданд.