Бо вуҷуди сипарӣ гардидани беш аз 1-у ним соли зуҳури бемории сироятии Ковид-19 ҳамоно мушкилиҳо пешорўи инсоният қарор дорад ва таъмини аҳолии сайёра бо маҳсулоти ғизоӣ, ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст. Ҳамакнун ҳар як давлатро мебояд новобаста аз сохтори сиёсию иқтисодиаш барои раҳоӣ аз чунин вазъ чораандешӣ намояд. Бо назардошти ҳамин маънӣ ҳанўз моҳи июни соли гузашта Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида буд, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Маҳз дар пайи амалишавии фармони мазкур майдони кишти ғалладонагиҳо ва картошка зиёд шуда, кишти такрорӣ афзалият пайдо кард. Дар натиҷа, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2020 беш аз 33 миллиарду 607 миллион сомониро ташкил дод.
Имсол низ иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва таъмини ғизоии шаҳрвандон дар чанголи ҳамагири бемории сироятии коронавирус ва ҳамзамон тағйирёбии иқлим қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасту вохўриҳо борҳо изҳор намуданд, ки бо дарназардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои ба маротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Яъне дар ҳоли дуруст истифода бурдани захираву имконоти кишоварзии мамлакат мо метавонем, аз панҷаи оҳанини дилхоҳ мушкилӣ раҳоӣ ёбем.
Раҷабалӣ Шарифов номзади илмҳои кишоварзӣ аз Иниститути зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти ғизоиро дар истифодаи оқилона ва самарабахши замин ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани кишти такрорӣ ва ба ин васила гирифтани ду-се ҳосил мебинад.
Аммо дар ин самт мушкилии таъмини оби полезӣ солҳост, ки кишоварзони моро ҳангоми кишти такрорӣ дунболагирӣ мекунад. Зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, раҳоӣ аз мушкилиро дар гузаштан ба обёрии инноватсионӣ-қатрагӣ диданд.
Воқеан ҳам гузаштан ба обёрии қатравӣ талаботи айём аст, зеро иқлими сайёра сол аз сол тағйир ёфта, камобӣ мушоҳида мешавад. Имрўзҳо обёрии қатрагӣ бештар дар кишварҳое, ки иқлими хушк доранд, ба монанди Австралия, Исроил, Мисри Араб ва кишварҳои аз лиҳози кишоварзӣ муваффақ Зеландияи нав, Австрия, Франсия, Германия ва ғайра паҳн гаштааст, ки ин кишварҳо ба ин васила мушкилоти обёрии зироати кишоварзиро ҳал карданд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки агар кишоварз бо оби полезӣ таъмин бошад, аз ҳисоби самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои обиву лалмӣ, захираҳои биологиву иқлим, кишти навъҳои нави нисбатан серҳосил, бахусус тухмиҳои хушсифат ва такмил додани агротехникаи парвариши зироат марди деҳқон метавонад аз як қитъаи замин бемамониат 2 ва ё 3 ҳосил ба даст орад.
Рўёндани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ аз муҳлати кишт, истифодаи навъҳои тезпаз ва риояи агротехникаи парвариш вобастагии калон дорад. Дар ин самт бояд кишоварз киштгардонро ҳатман риоя кунанд, мегӯяд коршинос Раҷабалӣ Шарифов аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Имрўзҳо дар саросари мамлакат дар заминҳои обӣ кишти такрорӣ идома дорад, ки ин бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва то андозае пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи озуқа дар мамлакат мусоидат менамояд.
Бино ба иттилои расмии сомонаи вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ин дам ба хотири самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил мувофиқи дурнамо то ба имрўз дар майдони 62 ҳазору 495 гектар гузаронида шудааст. Дар ҳамин ҳол ёдрас мешавем, ки кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи иқлими минтақаҳои кишвар бо пешниҳоду тавсияҳои мутахассисони соҳа бо дарназардошти корҳои агротехникӣ сурат бигирад, то ба кишти тирамоҳӣ халал ворид насозад. Яъне ҳангоми кишти такрорӣ бояд зироатҳое истифода шаванд, ки давраи нашъунамояшон кўтоҳ ва ба гармӣ тобовар бошанд. Дар он сурат мо метавонем дар давоми як сол аз заминҳои обӣ ду ва се ҳосил ба даст оварем.
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”