Таъсири вазъияти амниятӣ дар Афғонистони ҳамсоя ба Тоҷикистон, вижагиҳои хоси мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар, оқибатҳои харобиовари боронгариҳои шадид ва сел дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, зарурати истифодаи бештар аз нақлиёти барқӣ ва баҳси омӯзиш ва тарғиби созҳои миллӣ аз мавзуҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 июл мавзуи омӯзиши созҳои миллӣ ва тарғиби онҳоро дар сатҳи ҷаҳон матраҳ кардааст.
Муаллфии матлаб Холаҳмади Маҷид, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони кишвар дар ин замина навиштааст, ҷойи таассуф аст, ки то ба ҳол дар Тоҷикистон ташхисгоҳи мусиқӣ вуҷуд надорад ва дар натиҷа созҳои миллиамон дар барномаҳои консертӣ ноҷӯр садо медиҳанд, дар ҳоле кӣ барои истифодаи созҳо, чи миллӣ ва чи хориҷӣ хулоса ва иҷозати мутахассисону масъулони ташхисгоҳ зарур мебошад.
Ба таъкиди муаллиф бояд ҳарчи зудтар дар Тоҷикистон ташхисгоҳи мусиқӣ таъсис ва роҳандозӣ шавад. Дар баробари ин масъалаи омӯзиши созҳои миллиро бо ҷалби мутахассисон баррасӣ кард, як консепсияи комил дар ин маврид таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.
“Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ бо нашри хабаре навиштааст, ки як хонавода аз шаҳри Норак бо маблағи Ҳаҷ, мошини ёрии таъҷилӣ харидаанд.
Муаллиф навиштааст, ки Муродалӣ Ҳалимов сокини шаҳри Норак зимни табобат дар беморхона ният мекунад, ки агар шифо ёбад ҳатман ба маблағи сафари ҳаҷ барои беморхонаи шаҳри Норак мошини «Ёрии таъҷилӣ» мехарад. Марҳум Муродалӣ Ҳалимов ба ин нияти неки худ нарасид, вале фарзандонаш васияти ӯро ба ҷой оварда, бо маблағи ҷамъовардаи падар чунин мошин харида, ба беморхонаи шаҳри Норак туҳфа намуданд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 июл мақолае бо номи “Чаро дар истифодаи нақлиёти барқӣ таъхир мекунем?” чоп карда, масъалаи воридоти автобомилҳои барқиро ба Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Муаллиф дар ин маврид ба таҷрибаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва инчунин Украина ишора кардааст, ки барои воридкунандагони электромобилҳо имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ муқаррар кардаанд.
Дар ин мақола аз қавли коршиносон таъкид шудааст, ки дар Россия барои тай кардани 100 км бо мошини бензинӣ 280 рубл, дизелӣ -222, газӣ — 170 ва барқӣ бошад ҳамагӣ 36,75 рубл масраф мешавад. Яъне, ҳангоми бо электромобил тай кардани 100 километр камтар аз нархи як литр бензин харҷ мешавад.
Муаллиф дар хулоса пешниҳод кардааст, ки Парлумони Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя бобати додани баъзе сабукиҳо ба воридкунандагону истифодабарандагони электромобил иқдом кунад. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки электромобилҳо партови дуду газҳои зарарнокро пешгирӣ намуда, талабот ба сӯзишвориро тадриҷан кам мекунанд. Ин, махсусан, барои кишвари мо, ки сӯзишвориро аз хориҷа ворид мекунад ва неруи барқи арзон дорад, муфид хоҳад буд.
Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигаре аз ҳолати ногувори меҳмонхонаи “Хатлон” дар шаҳри Кӯлоб интиқод кардааст. Муаллифи матлаб навиштааст, ки меҳмонхона аз берун намои зебо дошта, аммо мутаассифона, дохили бино, бахусус ҳуҷраҳояш, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Тирезаҳои шикаста, ҳуҷраҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, таҷҳизоти корношоям, набудани шабакаи обу ташноб аз ҷумлаи мушкилоти меҳмонхонаи «Хатлон» маҳсуб мешавад -таъкид кардааст муаллифи матлаб.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 июл мусоҳибаи рӯзноманигор Фахриддини Холбек бо Ато Муҳаммади Нур бо роҳбари ҷабҳаи шимоли Афғонистонро чоп кардааст. Ато Муҳаммади Нур дар ин суҳбат бо ибрози таассуф такид кардааст, ки бархе ҳамсоягони Афғонистон завқзада шуда, хостори эътирофи ҳукумати Толибон шудаанд, аммо онҳо бояд дарк кунанд, ки ёғиёу тоғиёнашон дар канори Толиб ҳастанд ва дар оянда ба Осиёи Марказӣ нуфуз карда, терроризмро то ба марзҳои Русия, Чин ва Эрон мебаранд.
Ҳамзамон Ато Муҳаммади Нур таъкид кардааст, ки тоҷикон дар дар муқовимати зидди толиб ҳамеша аввал буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд ва айни замон бошад неруҳои зиддитолибро бо шумули паштуну ҳазораву ӯзбек туркман тоҷикон раҳбарӣ доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 июл мақолае бо номи “Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон: Сироятёбиву фавт зиёд мешавад”, савол гузоштааст, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон аз мавҷи пешинааш чӣ тафовут дорад?
Абдухалил Холиқзода мудири кулли дармонгоҳи хусусии “Ибни Сино”, гуфтааст, ки штамми ҳозираи коронавирус бештар хатарнок аст. Ба гуфтаи вай, озмоишгоҳи онҳо наметавонад штаммҳои коронавирусро ошкор кунад ва ба сурати умум, чунин як озмоишгоҳ дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад. Аммо тибқи аломатҳо, ҳоло дар Тоҷикистон штамми нав – “делта” паҳн мешавад.
Аз сӯи дигар Мамлакат Турсунова духтури беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд низ ба ин назар аст, ки дар Тоҷикистон аллакай штамми нави делта паҳн шудааст. Аммо, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, штамми “делта” дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол Мудири кулли дармонгоҳи “Ибни Сино” таъкид кардааст, ки Вазорати тандурустӣ аз таҷрибаи соли гузашта сабақ гирифта, ҳозир талош меварзад, ки ба хатогиҳо роҳ надиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, беморхонаҳо бо оксиген ва воситаҳои зарурӣ таъминанд ва барои ба эътидол овардани вазъ ва пешгирӣ аз афзоиши шумораи беморон ва фавт, ваксиназании аҳолиро тақвият додан лозим аст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 21 июл масъалаи тавлиди биогаз дар Тоҷикистонро матраҳ карда навиштааст, ки дар ҷаҳон имрӯз яке аз роҳҳои тавлиди газ истифода аз поруи ҳайвонот ва партовҳои органикӣ дониста мешавад.
Нашрия аз қавли олимони Академи миллии илмҳои Тоҷикистон навиштааст, ки дар кишвар бо истифода аз поруи шумораи мавҷудаи чорво беш аз 10 млн метри мукааб биогаз тавлид кардан имкон доранд. Илова бар ин боқимонаи истеҳсоли биогаз поруи дараҷаи олӣ барои заминҳои кишоварзӣ маҳсуб мешавад.
Ба ҳисоби мутахассисон поруи як сар гов дар сол 500 метри мукааб битогаз ҳосил кардан мумкин аст, ки он ба 350 литр сӯзишворӣ баробар аст. Муаллиф таъкид мекунад, ки сокинони Чин, Ҳинд, Ветнам, Шри ланка ва Непал фаровон аз таҷҳизоти тавлиди биогаз аз пору ва партовҳои органикӣ истифода мекунанд.
Ба хулосаи муаллиф агар мардуми деҳот аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин замина истифода кунанд, ҳам маводи сузишворӣ ва ҳам нурӣ ба даст меоваранд.
Зиёратшо Аҳмадов
радиои “Тоҷикистон”