Зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим қайд гардид, аз сабаби ба таъхир афтодани ташрифи меҳмонон аз Қатар кушодашавии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ба таъхир афтодааст.
Ба гуфтаи раиси Кумита Сулаймон Давлатзода тамоми корҳои сохтмонии ин масҷид пурра омодаанд ва бо сабаби вазъи пандемия меҳмонони олимақоми Қатар то имрӯз натавонистаанд, ки ба кишвари мо сафар намоянд.
Бояд гуфт, ки Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе яке аз масҷидҳои калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад.
Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат аст. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.
Дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, ҳамчунин гуфта шуд, ки то имрӯз дар кишвар 49 масҷиди марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуд аст.