Сафаралӣ Қурбонзода муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки танзими арзиши чиптаи ҳавопаймоҳо дар самтҳои байналмилалӣ дар масъулияти Хадамоти зиддиинҳорӣ нест.
Сафаралӣ Қурбонзода бо баёни ин нукта, тавзеҳ дод, ки мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи рақобат” Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзииши молу маҳсулоти субъектҳои хоҷагидор, ки мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро доранд, танзим мекунад. Дар ҳолате субъектҳои хоҷагидор ҳукмфармо ҳисобида мешаванд, ки ҳиссаи онҳо дар самти муайян бештар аз 35 дарсадро ташкил кунад. Вобаста ба ин ҳиссаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ 35 фоизро ташкил намедиҳанд. Дар ин бозор бештар ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки фаъолияти онҳо дар заминаи созишномаҳои байниҳукуматӣ танзим мешавад.
Ин дар ҳолест, ки аз ношаффоф будани дастрасӣ ба чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия ва таври сунъӣ боло бурдани арзиши онҳо шикоятҳо зиёд мерасанд. Сафаралӣ Қурбонзода, бо таъкид ба ин гуфт, ки Агентии авиатсияи граждании кишвар ҷиҳати риояи нархи муқарраргардида аз ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ мактубҳои кафолатиро дастрас намудааст. Корбарӣ дар ин самт идома дорад.