Нашрияҳои чопи ин ҳафта дар саҳфаҳои худ матолиби зиёди ҷолибу хонданӣ дар мавзуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон чоп кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 июн дар саҳфаи аввали худ мақолаи Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо номи “муттаҳидӣ – роҳи асосии мубориза бо COVID-19” чоп кардааст.
Муаллиф дар ин матлаб таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо андешидани чораҳои қатъӣ тавонист муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати ин вирусро бигирад, аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ҳеҷ як роҳи муассири пешгирии паҳншавии ин вирус, ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, вуҷуд надорад.
Ба навишати Фарҳод Раҳимӣ шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 роҳ надодан ба тарсу таҳлука аст, зеро ба гуфтаи мутахассисон 85% мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона онро паси сар мекунанд.
Муаллиф дар ин мақолаи хеш таъкид мекунад, ки марудми тоҷикистон дар ин давраи ҳассос, бояд оромиву ваҳдати миллиро ҳифз карда, дар атрофи сарвари давлат ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо такя ба хиради азалии мардум, ва таҳаммулпазирии он Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод, муттаҳид бошем. “Танҳо бо ҳамин роҳ ва, албатта, кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқамон – ворисони Абуалӣ ибни Сино метавонем аз ин вабои аср наҷот ёбем”-гуфтааст Фарҳод Раҳимӣ президенти АМИТ. Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ аз рзи 15 ва 16 июн ҳамчунин матолиби хондание таҳти унвони “Ҳомидддин Шарипов. Шахсияте, ки рӯзгораш барои ибрат”, Канали “Даҳкатсой-Даҳансоз” кай сохта мешавад?, “Шабакаҳои иҷтимоӣ: имконият ё хатар” ва “Фасдоро то куҷо шинохтаем” чоп кардааст.
“Садои Мардум”
“Садои Мардум” нашрияи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори рӯзи 16 июн дар саҳфаи аввали худ дар мавриди тағироти кадрӣ дар сохторҳои Ҳукумати ҶТ, ҷаласаи шӯрои маҷлиси Намояндагон ва мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо Валериу Кивер раҳбари дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, матолиби хабарӣ чоп кардааст.
Ҳамчунин дар ин шумораи “Садои Мардум” мақолаи Дилафрӯз Рустамова муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ таҳти унвони “Шарафи инсониро нигоҳ доштан саҳл нест!” чоп шудааст.
Дар ин матлаб муаллиф менависад, ки иқдомоти Ҳукумати ҶТ дар ростои пешгирӣ аз паҳншавии босуръати бемории КОВИД-19 натиҷаи назаррас ба бор оварда, тири бадхоҳони миллат, ки мехостанд аз ин вазъият суистифода кунанд, хок хурд.
Дар ин шумораи “Садои Мардум” матолибе бо номи “Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ чӣ гуна аст?”, “Марди накуном намирад ҳаргиз”, “Худкушии Абдуллоев чӣ сабаб дошт?” ва “Асрори «ҳалқа»-ҳо кушода шуд” ба нашр расидааст.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлабе зери унвони “Маккаи муҳоҷирон” ин мавзуро матраҳ кардааст, ки чаро тоҷикон Русияро барои муҳоҷирати корӣ интихоб мекунанд?
Ба навиштаи муалллиф яке аз сабабҳо ин фарҳанги муштарак аст, ки аз замони Иттиҳоди Шуравӣ боқӣ мондааст ва ҷавононе ки шуравиро надидаанд, ки муътақиданд, Русия кишвраи худӣ аст. ва масъалаи дуввум ин аст, ки дар қиёс ба дигар кишварҳои собиқ шуравӣ пардохти дастмузд барои муҳоҷирон се баробар зиёдтар аст.
Дар саҳфаи дигари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шарҳи мақомоти кумиати андоз дар робита ба фармони президенти кишвар дар заминаи имтиёзҳо ба соҳибкорон нашр шудааст.
Назрулло Маликзода муовини раиси кумитаи андози назди ҲТ дар мусоҳиба ба ин ҳафтаномаи гуфтааст, ки шумораи соҳибкорони инфиродии дорои патент дар кишвар беш аз 103 ҳазор нафар буда, тибқи таҳлилҳои пешакӣ саҳми соҳибкорони имтиёзгирифта дар буҷаи мақомоти андоз аз 2 то 2.5 дар садро ташкил медиҳад. Яъне эҳтимол дорад дар муддати се моҳ беш аз 55 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашавад.
Ҳамзамон ин масъули кумитаи андоз таъкид кардааст, ки дар маҷмуъ баъди эълон шудани сабукӣ ва имтиёзҳо ба соҳибкорон ба буҷет зиёд аз 290 миллион сомонӣ ворид намешавад ва кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо вазорати молия дар пайи дарёфти роҳҳои ҷуброни касри буҷети давлатӣ ҳастанд.
“ИмрӯзNews”
Нашрияи “ИмрӯзNews” матлаби таҳлилии журналист Бахтиёр Ҳамдамро таҳти унвони “Худшефтагӣ чист ва худшефта кист?” чоп кардааст. Муаллиф дар ин матлаб аз наҳваи инъикоси расонидани кумак ба табибони кишвар дар шароити бемории ҳамагири Ковид-19 интиқод кардааст.
Ба навиштаи муаллиф нашри наворҳо аз табибони сафкашида ва бастаи кумакҳои ғизоӣ назди онҳо, мардумро ба ёди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бармегардонад. Дар ҳоле ки сатҳи зиндагии мардум дар қиёс ба он солҳо ба маротиб беҳтар аст.
Муаллиф таъкид мекунад, вақте ки масъулини давлатӣ бо ин усул фаъолити худро таблиғ мекунанд, як эҳсоси қашшоқӣ ва дастнигарӣ дар зеҳни мардум бедор мешавад. Дар хулоса муаллиф менависад, баҳтар аст ситод ё хазинҳои маркази кумакраоснӣ дар шаҳру навоҳии кишвра таъсис шуда, эҳтиёҷмандон барои дарёфти маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба он муроҷеат кунанд. Ҳисоботи шаффоф аз фаъолияти ин ситодҳо муассиртарин усули таблиғ ва кумакраоснӣ хоҳад буд.
Нашрияи Нашрияи “ИмрӯзNews” дар матлаби дигари хеш аз ҳодисаи ошкор ва мусобираи 60 тонна гушти пастсифат дар анборе дар ноҳияи Рудакӣ хабар додааст. Гуфта мешавда дар робита ба ин ду нафар соҳибкор, ки ин миқдор гушти гандидаро ба Душанбе интиқол додаанд, боздошт вааллайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Нашрия менависад дар ҳафтаи охир ин дуввумин ҳолати ошкор шудани миқдори зиёди гушти пастсифат аст. Ахиран кормандони КДАМ дар вилояти Суғд ду нафар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо беш аз 2 тон гушти вайроншудаи гов боздошт карданд.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар мақолае зери унвони “Аввал бахуд бовар кун, пас издивоҷ” аз афзоиши ҳолатҳои пошурии олилаҳои ҷавон дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навишати муаллиф оморҳои соли 2015 бад ин сӯ ҳокӣ аз он аст, ки шумораи пошхурии оилаҳо сол то сол афзош меёбад. Ба унвони мисол муаллиф менависад, ки агар шумораи бекоркунии ақди никоҳ дар соли 2015 8346 ҳолат бошад, ин нишондод дар соли 2018 аз 11 ҳазор гузаштааст.
Муаллиф баъди баррасии сабаб ва омилҳои мухталифи пошхурии оилаҳои ҷавон дар хулоса пешниҳод кардааст, ки зарур аст дар кишвар марказҳои машварати равонӣ барои ҷавонони хонадоршаванда таъсис дода шавад. Зеро дар кишварҳои мутараққӣ фаъолияти марказҳои машварати равонӣ хеле рушд карда, натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар матлабе аз раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои пешниҳод накардани иттилоот ба расонаҳо интиқод кардааст. Муаллифи матлаб менависад, ки Хушвахт Шарифзода сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба суолҳои хабарнигори ин ҳафтанома танҳо посухҳои умумӣ пешниҳод кардааст.
Дар посухи расмии ин ниҳод омору арқоме дар мавриди захираи дорӯ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва либоҳои махсуси ҳифозати шахсӣ барои духтурон дар анборҳои раёсти тандурустии шаҳри Душанбе ва инчунин нархи доруҳои зиддивирусӣ дар пойтахт, дида намешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳи зиёд дар мавриди нарасидани сару либоси махсус барои табибон ва доруҳои зиддивирусӣ нашр мешавад.
Дар ҳоле ки ҳамарӯза дар мавриди кумакҳои тиббӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва кишварҳои ҳамсоя ба раёстаи тандурустии Душанбе хабар дода мешавад ва дар чунин ҳолат бояд ба ин овозаҳои беасос бо санаду далел посух гуфт.
Дар саҳфаи дигари ҳафтаномаи СССР матлаби рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо номи “Бадгуфторӣ ба ватан аз хиёнат аст!” чоп шудааст. Дар ин матлаб муаллиф иддаъо кардааст, ки бархе рӯзноманигорони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ифротгаро шудаанд. Дар ин миён муллалиф аз хабарнигорони сомонаи akhbor.com ва бахши тоҷикии Радиои Аврупои озод- Радиои Озодӣ ном бурдааст.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, таҳлилгари
сиёсии Радиои Тоҷикистон