Барои ҳарчи зудтар ба фурўш рафтани ин ё он намуди маҳсулот, маҳорат ва муносибати фурўшанда бо харидор нақши муҳим мебозад. Дар ин росто, соҳибкоронро зарур аст, ки молу маҳсулоти худро бо сифати баланд омода ва пешниҳоди муштариён намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба мавҷуд будани ниёзи мардум ба молу маҳсулот дар кишвар, феълан мағоза ва марказҳои савдои хўрду бузург фаъоланд ва бешакк, фаъолияти фурўшандаҳо дар чунин маконҳои серодам метавонад, мавзўи баҳс дар ҷомеа қарор гирад.
Феълан дар бархе бозор ва дуконҳои савдо дар баробари сифати пасти маҳсулот фурўшандагон муомилаи хуб надоранд. Дар сурати ба миён омадани баҳс ин зумра савдогарони иброз медоранд, ки “хоҳи бихар ва агар не бирав” Вобаста ба ин, мавзўъ миёни чанде аз сокинони кишвар дар робита ба муносибати фурўшанда бо онҳо, ҳангоми хариду фурўш назарпурсӣ анҷом додем. Натиҷаи назарсанҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки на ҳама харидорон аз шеваи муносиботи фурўшандаҳо қаноатманданд. Яке аз мусоҳибони мо мегўяд, ки: “Фурўшандагон бо ҳар ваҷҳ кўшиш мекунанд маҳсулоти худро ба қавле гузаронад. Аммо пас аз харидорӣ ва ба хона баргаштан маълум мешавад, ки сифати маҳсулот паст аст. Дар муқоиса ба баъзе аз ноҳияҳо фурўшандаҳои шаҳри Душанбе каме муаддабтар ҳастанд, муоширати беҳтар доранд. Албатта, ин бастагӣ дорад ба баъзе дўкону мағозаҳои ба истилоҳ “брендӣ”. Аммо фурўшандагон дар мағоза, дўкон ва фурўши сарироҳӣ ба тарбия ё баланд бардоштани маърифати муносибату муошират ниёз доранд.”
Назарпурсии мо миёни 20 нафар анҷом дода шуд ва тавре маълум гашт, бештари шаҳрвандон аз хизматрасонии фурўшандагон ба пуррагӣ қаноатманд нестанд. Солҳое буданд, ки роҳ ёфтани фурўшандагон ба мағоза ва ё марказҳои савдо танҳо дар асоси доштани маълумоти соҳавӣ сурат мегирифт. Вале имрўзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад, ки дар мағоза ва марказҳои савдо фурўшандагон бидуни диплом ё маълумоти соҳавӣ фаъолият менамоянд.
Дар робита ба ин мавзўъ иқтисодшинос Аброр Мирсаидов мегўяд: “ Тайи солҳои охир бахши хусусӣ бо маром рушд карда, ба таъсиси тиҷорати хурд мусоидат намуд. Дар ин замина шароит фароҳам оварда шуд, ки то сокинон тиҷорати оилавии худро ба роҳ монда, наздикони худро ҳамчун савдогар кироя намоянд. Албатта, инро қонунгузории кишвар манъ накардааст. Ба гунаи мисол метавон гуфт, ки феълан дар бештари мағозаҳо ҳангоми пурсиш маълум мешавад, ки ба ҳайси фурўшанда аксаран ё хешу табор ё яке аз наздикони молики дукон фаъолияи мекунад. Мутаасифона, бархеи онҳо аз фарҳанги ва вижагиҳои соҳаи савдо фарсахҳо дур мебошанд. Мусалам аст, ки бо ин тартиб мо наметавонем, низоми тиҷорати хурдро дар кишвар боло барем, зеро низоми иқтисоди бозаргонӣ рақобатпазир аст ва ин соҳибкоронро водор мекунад, ки баланд бардоштани фарҳанг ва касбияти кормандони худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро бозори мутаррақӣ чунин рафторро намепазирад ва ин сабаби аз байн рафтани чунин нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои оилавӣ мегардад.”
Феълан дар кишвар дар баробари мағозаву бозор ва марказҳои савдо қаҳвахонаву тарабхонаҳои зиёд ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар марказҳои хизматрасонӣ, хусусан, ошхонаву тарабхонаҳо шумораи зиёди пешхизматҳо барои хизмат ба муштариён ба кор ҷалб шудаанд. Муносибат ва муоширати пешхизматҳо дар самти идомаи фаъолияти ин марказҳои хизматрасонӣ нақши калон дорад. Пешхизмат бояд аз фарҳанги либоспўшӣ то санъати суханварӣ, ки аз нозукиҳои вазифаи пешанамудаи ў иборатанд, огаҳ бошад. Вале ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки баъзе аз пешхизматон ё фурўшандагон меъёрҳои касбиро риоя намекунанд.
Дар ин маврид директори Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Абидов мегўяд, ки боло бурдани сифати хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пеш аз ҳама ба харидор ё истеъмолкунанда марбут аст: «Умуман ҳамаи ин масъалаҳо паш аз ҳама аз худи истеъмолкунандагон вобастагӣ дорад. Ба гунаи мисол ҳамарўза мо дар шаҳри Душанбе бинем, ки баъзан фурўшандаҳо ҳадди ақал тарзи муоширати дуруст дар фаъолияти кории худ надоранд, вале аҷибаш дар он аст, ки харидорон боз барои ин ё он маҳсулот ба онҳо муроҷиат мекунанд. Дар хориҷа мисол ягон чиз дар мағоза маъқул агар нашуд, истеъмолкунанда ҳангоми харидорӣ ба фурўшанда таъкид мекунад, ки ман дигар аз мағозаи шумо харид намекунам. Ҳамин гап худаш таъсирбахш аст, агар мисол дар рўз ақалан даҳ нафараш ҳамин суханро ба харидорон ҳангоми қаноатманд набудан иброз доранд, фикр мекунам, муносибатҳо тағийр меёбад.”
Коршиносон мегўянд принсипи мунтазами фаъолияти инсон аз касби ў вобаста аст. Ҳар фардро лозим аст, то пеш аз ба коре оғоз намудан, аз муомилаи хуб бархўрдор буда, дар баробари ин аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намояд. Хусусан фурўшанда бояд бо хислати хос диққати мизоҷонро ба худ ҷалб намояд, дар акси ҳол бо як амал ва ё сухани ноҷо метавонад муштариро аз худ дур кунад.
Дӯстмурод Файзализода
Радиои Тоҷикистон