АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни футболбозони ҷавонони то 19 сола доир шуд. Дар ин қуръакашӣ дастаи мунтахаби то 19 солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи «D» шуда, бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Қатар, Малайзия ва Яман рақобат мекунад.
Маврид зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони ҷавонони то 19 сола аз 14 то 31 октябри соли равон, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки 4 дастаи беҳтарини мусобиқоти мазкур барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2021, ки баргузориаш дар давлати Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.