Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки шаби 4 ба 5 июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати «Толибон» вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.
Дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии «Шоҳон»-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии ҶИА, ба низомиёни ин кишвар иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд.
Айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.