То 5 июли соли 2021 даври навбатии Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) дар Тоҷикистон идома меёбад. Ин давр дирӯз оғоз шуд ва тамоми кӯдакони то шашсола бояд вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷро қабул кунанд.
Тавре сомонаи Вазорати тандурустӣ менависад, волидон ва парасторони кӯдакони пас аз 1 январи соли 2016 таваллудшуда даъватномаро аз тарафи табиби оилавӣ ё мутахассисони соҳаи тандурустии муассисаи тиббии наздиктаринашон мегиранд. Барои сокинони ноҳияҳои дурдаст (60 км дуртар аз муассисаи тиббии наздиктарин) бригадаҳои иммунизатсионии сайёр низ хизматрасонии иммунизатсиониро мерасонанд.
“Барои нафароне, ки берун аз ҷои истиқомати маъмулиашон воқеъанд, ваксина метавонад дар маҳалли буду боши кунунӣ дастрас бошад. Мо волидон ва парасторонро даъват менамоем, ки қабул намудани иммунизатсияи кӯдаконашонро дар ҳар як давр пайгирӣ намоянд, хусусан агар онҳо ваксинаи якумро нагирифта бошанд”,-илова кардааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар даври якуми маърака зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдакон бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ фаро гирифта шуданд ва ин чорабинӣ таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва шарикони соҳаи тандурустӣ дар доираи Ташаббуси глобалӣ оид ба маҳви бемории фалаҷ амалӣ мегардад.
Ба андешаи мутахассисон танҳо иммунизатсияи пурра бо тамоми вояҳои тавсиядодашудаи ваксина метавонад кӯдаконро аз фалаҷ ва оризаҳои хатарноки он, аз қабили фалаҷи шадид эмин дорад.