Яир Лапид вазири корҳои хориҷии Исроил 29 июн барои анҷоми як сафари расмии ду рӯза ба даъвати шайх Абдуллоҳ ибн Зоид Оли наҳаён ҳамтои аморотии худ вориди Абӯзабӣ шуд. Ин нахустин сафари расмии як вазири хориҷаи Исроил ба Аморот пас аз одисозии равобити ду кишвар дар августи соли 2020 маҳсуб мешавад.
Яир Лапид дар замони вуруди худ ба Аморот бо интишори твиттер ба забон ибрӣ гуфт, ифтихорманд аст, ки ба намояндагӣ аз кишвараш дар нахустин сафари расмӣ озими Амороти Муттаҳидаи Араб шуда ва аз истиқболи гарми масъулони аморотӣ низ ташаккур кард.
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши хабаргузории фаронса вазири корҳои хориҷии Исроилро дар фурудгоҳ ҳеҷ масъули баландпоя мавриди истиқбол қарор надода, хабари сафари вай ба шакли бисёр маҳдуд дар расонаҳои ин кишвар пӯшиш дода шудааст.
Сафари ин мақоми аршади Исроилӣ ба Аморот дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин дар пайи даргириҳои низомии ахир афзоиш ёфтааст. Кишварҳои арабии халиҷи Форс, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн пештар аз рӯйкарди Исроил дар саркӯби тазоҳуроти фаластиниён дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ва низ ҳамалоти маргбор ба Ғазза башиддат интиқод карда буданд.
Муҳимтарин барномаи ин сафар, ки Яир Лапид онро таърихӣ тавсиф кард, ифтитоҳи сафорати Исроил дар Абӯзабӣ ва кушоиши консулгарии ин кишвар дар Дубай унвон шудааст.
Ба гуфтаи хабаргузориҳо вазири корҳои хориҷии Исроил, эҳтимолан, бо мақомҳои аморотӣ дар бораи наҳваи муқобила бо Эрон ба унвони як рақиби минтақавӣ гуфтугӯ хоҳад кард.
Исроил ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба воситаи имзои тавофуқи одисозӣ тайи моҳҳои ахири ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумлаи тиҷоратро афзоиш додаанд. АМА моҳи апрел аз эҷоди як сандуқи сармоягузорӣ 10 миллиард долларӣ барои кӯмак ба бахшҳои стратегӣ дар Исроил хабар дода буд. Саъдӣ Юсуфӣ таҳлилгари масоили минтақа дар мавриди муҳимтарин омилҳо, ки Аморотро барои одисозии равобит бо Исроил таҳрик дод, изҳори назар кард.
Шакли пурраи гузориш ва андешаҳои коршиносонро дар ин сабт бишнавед: