Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) шумораи махсуси маҷаллаи “ECO Heritage” (Мероси ЭКО)-ро ба шаҳри Душанбе бахшидааст.
Шумораи махсуси нашрия бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ба муносибати дастовардҳою имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе ва эълони он чун пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО барои солҳои 2020 – 2021 ба забони англисӣ бо теъдоди 500 нусха ба табъ расида, бо Паёми вежаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Нақши сайёҳӣ дар рушди Тоҷикистон ва минтақаи ЭКО” оғоз мешавад. Дар он аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва дар натиҷаи ин ташаккул ёфтани фарҳанги муосири сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ба вежа дар пойтахти он – шаҳри Душанбе сухан рафтааст.
«Дар фарҷоми паёми вежаи худ Пешвои миллат бо изҳори ташаккур аз кишварҳои узви ЭКО барои пуштибониашон аз эълони шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти сайёҳии ЭКО, изҳори итминон кардаанд, ки ин иқдом ба рушди бештари гардишгарӣ дар кишвари мо ва таҳкими сулҳу дӯстӣ дар минтақа мусоидат намояд»,-менависад сомонаи ВКХ.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар саҳифаи баъдӣ таъкид намудаанд, ки ҷаласаи Вазирони гардишгарии кишварҳои узви ЭКО (3 октябри 2019) ба унвони пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО дар солҳои 2020 – 2021 баргузида шудани пойтахти Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди фараҳбахш барои сокинони Душанбе ва кишвар аст, балки эътирофи саҳми боризи Душанбе дар рушди сайёҳӣ дар минтақаи ЭКО маҳсуб мешавад. Ин андешаҳо зери унвони “Душанбе – пойтахти сайёҳии минтақаи ЭКО” гирд оварда шуда, дар он ҳамчунин симои пойтахти Тоҷикистон ба унвони маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, ки дар он ҳам нафаси Шарқи афсонавӣ эҳсос мешавад ва ҳам тамоюлоти муосири шаҳрсозӣ ба таври мутаносиб зуҳур кардаанд, муаррифӣ шудааст.
Тавре дар идомаи гузориши сомонаи ВКХ омадааст, дар саҳифаҳои баъдии маҷалла моҳият ва ҳикмати ибтикороти Пешвои миллат оид ба эълони соли 2018 ба унвони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 – 2021 ба унвони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ҳайси омилҳои муассири рушду тавсеаи гардишгарӣ дар Тоҷикистон тавзеҳ ёфта, дар ин росто ташаббусҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ободонии шаҳри Душанбе чун намунаи муваффақи татбиқи ибтикороти Пешвои миллат қаламдод шудаанд.
Ҳамин тавр, қисмати бештари маҷалла ба тарғиби дастовардҳои азими шаҳри Душанбе дар тӯли 30 соли Истиқлол, аз ҷумла муаррифии рамзҳои давлатдории миллӣ, ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва имконоти васеи шаҳри Душанбе барои хидматгузории муосир ба гардишгарон ва меҳмонони пойтахти кишвар ихтисос дода шудааст.