Дар шаҳри Душанбе бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид, ки дар он 130 нафар кӯдак аз кишварҳои СҲШ иштирок карданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) роҳандозӣ карда шуда, далели он аст, ки халқҳои кишварҳои СҲШ дар мисоли худ ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро байни худ нишон медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои башардӯстӣ, инчунин ҳамкории дар асоси эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои кишварҳои СҲШ бунёдшударо тарғиб кунанд.
“Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ имкон медиҳанд, ки омилҳои ҳамкории судмандро, ки дар консепсияи мавҷудият ва фаъолияти СҲШ ҷой дода шудаанд, татбиқ гардад. Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон як навъ пуле шудааст, ки на танҳо сиёсатмадорон, дипломатҳо ва дигар шахсиятҳоро, балки кӯдаконро ба ҳам васл мекунад, ки дӯстӣ ва таассуроти онҳо тамоми умр боқӣ мемонад ва дӯстони наве, ки онҳо дар рафти муошират пайдо мекунанд, барои муттаҳидшавии бештар ва самараноки кишварҳоямон дар оянда мусоидат намояд”,-омадааст дар гузориши “Ховар”.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд, ва ҷамъомади имрӯза ҳамчун нахустин ва муҳим дар доираи ин Созмон ба таърихи СҲШ ворид хоҳад шуд, муҳим барои он аст, ки он бо фарзандони мо бо ояндаи мо иртибот дорад ва имрӯз мо дидем, ки он ҳамчун намояндагони тамоми гулдастаи фарҳангҳои халқҳои кишварҳои СҲШ ояндадор ва гуногунранг хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаи озмун имрӯз 25 июни соли ҷамъбаст гардида, ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо “Ифихорнома” ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.