30 ҳазор неруи мардумӣ аз се вилоят бар зидди Толибон хоҳанд бархест

Пас аз афзоиши ҳамлаҳои Толибон ва ишғоли ноҳияҳо аз ҷониби ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ, баъзе пешвоёни собиқи ҷиҳод даъват карданд, ки нерӯҳои муҷоҳидин барои мубориза бо Толибон сафарбар карда шаванд. Гуфта мешавад, то ин дам танҳо аз вилоят 30 ҳазор нафар номнавис шудаанд.

 Ба иттилои пойгоҳи хабарии  www.swn.af  дар се рӯзи гузашта бо чандин фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ дар мавриди сафарбаркунии муҷоҳидон ва нерӯҳои маҳаллӣ машваратҳо баргузор шуданд.

Нур Ҳабиб Гулбаҳорӣ, сардори собиқи полиси Бағлон ва яке аз фармондеҳони собиқи ҷиҳод дар нишасти ифтитоҳи Шӯрои иҷтимоии муҷоҳидини Паврон таъкид кардааст, ки  танҳо аз Парвон, Кописо ва Паншер 30 000 нерӯ барои мубориза бо Толибон сафарбар мешаванд.

Ба иттилои мақомоти амниятии Афғонистон сокиноне, ки ба ҷанг сафар мешаванд, сабти ном шуда, силоҳҳои он ба қайд гирифта мешаванд. Тиқби пешбиниҳои мақомоти давлатии ин кишвар дар сурати зарурат беш аз 100 ҳазор неруи мардумӣ ба майдони ҷанг равона хоҳанд шуд.