Барои муносибати бераҳмона нисбати ҳайвонот ва парандаҳо, ки сабаби марги онҳо мегардад, ҷарима ба андозаи аз 3 то 10 нишондиҳанда пешбинӣ гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлил ва тасвиб қарор гирифт. Барои муносибати бераҳмони нисбати ҳайвонот ва парандаҳо аз ҷумла ҳайвоноти бесоҳиб мавриди шиканҷа лату куб ё содир намудани дигари ҳаракатҳои зуроварӣ, ки боиси маъюбӣ ва ҳалокати онҳо мегардад, тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 277-и лоиҳа барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 180 то 300 сомонӣ, пешбинӣ карда мешавад.
Инчунин мувофиқи қисми 2-юми моддаи мазкур, ҷавобгарии мамурӣ барои кирдорҳои бераҳмона нисбати ҳайвонот ва парандагон бо мақсди ғаразнок ва дигар нияти нопок ба қатл расонида мешаванд, ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 300 то 600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкурро узви Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳридин Зиёӣ муарифӣ намуд.
Шоҳин Саидов
радиои “Тоҷикистон”