Истиқлол, забон, ваҳдат. Андешаҳои Ато Мирхоҷа

Омили асосие, ки ваҳдату якдилиро таъмин мекунад, забон аст. Ба ҳамин хотир забонро боарзиштарин дороӣ  ва беҳтарин сармоя унвон медиҳанд. Дар воқеъ, тифоқию  сарҷамъӣ ва дўстию якдигарфаҳмӣ ба воситаи  забон  сурат мегирад ва инро касе дарк карда метавонад, ки  заковату фаҳмиш дорад, маъниро мефаҳмад ва ба фарҳангу маърифат арзиш медиҳад. Чунин касон ҳаргиз ба забон санг намезананд, забонро нодида намегиранд ва нисбаташ беэҳтиромӣ намекунанд. Аммо ба онҳое, ки бо  забони тоҷикӣ суҳбат мекунанду ин забонро  сохта унвон медиҳанд, чӣ бояд гуфт? Дар сомонаҳои иҷтимоӣ чунин суханҳо зиёд ба чашм мерасанд. Аз ин рў тасмим гирифтем бори дигар таърихи забонро варақ  занем ва  аз дигаргун шудани хату тағйир ёфтани  забон,  сухан  гӯем. Аз фишорҳои ба сари забон омада ва аз қудрату тавонмандии ин забон, ки миллати тоҷикро зинда ва сарҷамъ нигоҳ дошт, ишорае бошем.

 Дар робита ба ин мавзўъ  Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфт:

   –Забони тоҷикӣ забони дарбор буд, забони адабиёт буд, забони коргузорӣ буд то соли 1925, вале ба таври расмӣ баъд аз соли 1925 баробари худмухтор шудани давлати тоҷикон ин забон ба расмият дароварда шуд.  Дар ташкил кардану умумихалқӣ кардани ин забон аз Устод С. Айнӣ сар карда то дигар шоирону нависандагони кишвар забонро дар муддати сӣ сол таҳия намуданд. Чунки забони форсии Мовароунаҳр бисёр забони мушкилфаҳм ва бо арабӣ омезиш ёфта буд, ки мардуми оддӣ маънои онро намефаҳмиданд. Ҳукумат вазифа гузошт, ки забон бо баёни сода пешниходи омма гардонида шавад ва марҳилаи аввали он аз соли 1925 то 1932 бо забони форсӣ буд ва баъдан ба лотинӣ гардонида шуд ва бо талаби сиёсати ҳамондавра, ки ба забони русӣ такя мешуд, хати крилӣ ба миён омад. Забони точикӣ низ вобаста ба дигаргун шудани хат маънои нав пайдо кард…

Давоми 30 сол нишастану забонро мардумӣ кардан ва барои густаришу пойдорияш  пофишорӣ намудан кори  осон  нест ва кори ҳар кас ҳам буда наметавонад.  Донишмандон, олимон, зиёиён, хуллас равшанфикрони миллат бо машварати якдигар, бо такя ба дониши ҳамдигар, дар сояи муҳаббати комили Устод Садриддин Айнӣ нисбат ба забон, нишастанду кор карданду забонро равнақ бахшиданд. Онҳое, ки даъвои бетаърихии забонро мекунанд,  чӣ кор кардаанд? Чанд сол тадқиқот гузаронидаанду хулоса бароварданд? Мегўянд, агар фоидаат ба касе намерасад, кўшиш кун зарар ҳам нарасонӣ, зеро тағйир ёфтани забон ва дигаргун шудани хату имло, сабабҳои хоси худро дошт ва танҳо ба хотири устувории забон ва саводнок намудани мардум буд. Дар идомаи суҳбат Ато Мирхоҷа гуфт, ки “Тамоми дастовардҳои адабию фарҳангиву сиёсиву маърифатии мардуми тоҷик вобаста аст ба хати кирилӣ ва мо бояд ин хатро пос дорем, зеро агар аз рўи инсоф назар кунем, мардуми тоҷикро ҳамин хат ва забони имрўза дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ин ҳақиқате аст, ки наметавон бо доман пўшонид. Забон барои мардум хизмати зиёд кардааст ва ояндаҳо низ хизмат хоҳад кард”.

Бо вуҷуди дигар шудани сохти давлатдорӣ ва тағйир ёфтани сиёсати давлатӣ, талаботу фишорҳои зиёде, ки ҳар ҳукуматдори нав талаб мекард, забони точикӣ аз байн нарафт, зинда монд ва то имрўз хизмати беназиреро дар бой намудани маънавиёти мардум ва баланд бардоштани фарҳангу маърифат анҷом дода истодааст. Муҳимтарин ва боарзиштарин хизмате, ки забони тоҷикӣ ба миллати тоҷик кардааст, аз парешонӣ ҳифз намудани ин миллат аст. Ин миллат тавассути забонаш зинда монд, тавассути забонаш шуҳрат пайдо кард ва ба воситаи  забонаш дунёро тасхир намуд. Пас вазифаи мост, ки ба қадри ин хизмати бебаҳо бирасем ва забонро пос дорему азиз шуморем.

                                                                                 Фарзона Маҳмадиева

радиои “Тоҷикистон”