Бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқиии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода «Ҷоизаи байналмилалии ба номи Мирзо Турсунзода ба мунодиёни сулҳу дӯстӣ» таъсис меёбад. Дар Низомномаи он омадааст, ки «Ҷоиза дар ду сол як маротиба дар як номинатсия- «Сазовортарин асар дар мавзӯи сулҳу дӯстӣ» дода шуда, ба гирандагони он диплом, нишони сарисинагӣ, шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор доллари ИМА дода мешавад. Ҷоиза дар рӯзи зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 2 май аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад».
Дар ин хусус аз дастгоҳи марказии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
«27 апрели соли 2021 дар шаҳри Турсунзода бо ташаббуси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки зиёиён ва олимону донишмандони мамлакат Конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабии «Мирзо Турсунзода –вассофи сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур аз ҷониби доираи зиёиёни мамлакат пешниҳод гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманди таърихии Мирзо Турсунзода «Ҷоизаи байналмилалии ба номи Мирзо Турсунзода ба мунодиёни сулҳу дӯстӣ» таъсис дода шавад. Гурӯҳи корӣ «Низомномаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Мирзо Турсунзода ба мунодиёни сулҳу дӯстӣ»-ро таҳия намуд», -афзуд манбаъ.
Дар Низомномаи мазкур омадааст, ки синни номзад барои гирифтани ҷоиза аз 18 сола боло бошад. Дар ҳолати фавти ғолиб диплом ҳамчун хотира ва мукофотпулӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони қонунӣ мегузарад. Ҳангоми супоридани ҷоиза ба гурӯҳи муаллифон маблағ ба ҳамаи аъзои даста баробар тақсим карда мешавад. Номи барандагони ҷоиза ба Дафтари фахрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда мешаванд. Эълон дар бораи тартиб ва муҳлати пешбарии номзадҳо ба ҷоиза, инчунин рӯйхати маводи зарурии озмун дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз чор моҳ пеш аз оғози баррасии комиссияи ҷоизасозӣ нашр карда мешавад.
«Пешбарии номзадҳо ба ҷоиза аз ҷониби ҳукуматҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои нависандагони кишварҳои ИДМ, қораи Африқо, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон, ки Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу дӯстӣ эътироф шудааст, сурат мегирад. Аз нав пешбарӣ кардани номзадҳое, ки қаблан ҷоизаро гирифта буданд, иҷозат дода намешавад. Пешбарии номзадҳо ба мукофот дар маҷлисҳои васеъ, маҷлисҳои коллективҳои меҳнатӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор, иборат аз шарикон ва ҳамкасбони номзад сурат мегирад», — омадааст дар санади мазкур.
Озмун дар се давр гузаронида мешавад. Даври аввал аз 15 ноябр то 15 декабр – пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти ҷоиза, даври дуюм аз 16 декабр то 16 феврал – баррасии корҳои пешниҳодшуда ва даври сеюм аз 16 феврал то 16 март – фаъолияти Комиссия оид ба муайян намудани ғолибон.
Манбаъ” АМИТ “Ховар”