Рақамикунонии иқтисодиёт – модели нави рушди иқтисодӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар бароҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст. Ин нуктаро вазири меҳнат Ширин Амонзода дар як конфронс дар шаҳри Душанбе иброз намуда, илова кард, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади ноил гардидан бо ҳадафҳои олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ҳамзамон ҳарчи зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расонидани он чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар ин конфронс таъкид карда шуд, ки рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҷорӣ намудани намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротӣ ва ҳамзамон таъмини талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имкон фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии рақамӣ яке аз ҳадафҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро аз рӯйи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар ММД-и кишварҳои ҷаҳон аз 12% то 16%-ро ташкил медиҳад.

Ба андешаи доктори илмҳои иқтисодӣ Машраб Файзуллоев хусусияти иқтисодиёти рақамӣ, ки ба иттилооту технологияҳои иттилоотӣ бунёд мегардад, аз он иборат аст, ки маркази ташаккулёбии арзиши изофа тағйир меёбад. Маркази асосии иқтисодиёти анъанавӣ агар истеҳсолот бошад, аз иқтисодиёти рақамӣ муҳандисӣ (engineering) ба шумор меравад, ки ҳама консепсияи иқтисодиёти муосирро муайян месозанд. Машраб Файзуллоев дар як матлаби худ дар нашрияи “Садои мардум” қайд намудааст, ки барои ташкили гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ коркард ва қабули Барномаи давлатии «Иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ногузир аст, ки хусусияти стратегӣ дошта, самтҳои тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ ва ҷиҳатҳои амалишавии онро таҷассум менамояд. Ба ҷуз ин, барнома чорабиниҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва шароити молиявии рушди иқтисодиёти рақамиро дар ҷумҳурӣ ба назар гирифта, ҳамгироии онро бо фазои иқтисодиёти рақамии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъмин месозад.