Коршиносони соҳа собит карданд, ки дар натиҷаи бо занбўри асал гардолуд шудан ҳосили зироату боғот ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин ба фурўш баровардани маҳсулоти занбўри асал аз қабили асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзанбўр, заҳри занбўр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.
Ба ин далел, соҳаи занбўрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд. Ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи на онқадар дуру дароз дорад. Бино ба иттилои расмии сомонаи Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон нахустин қутии занбўри асал солҳои 1932-1934 дар шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав, Хуҷанд, Конибодом пайдо шуданд.
Зайдулло Мирзоев, ки дар минтақаи Ваҳдат аз ҷумлаи занбуриасалпарварони муваффақ ба ҳисоб меравад, мегўяд, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян кардааст, аз ин рў набояд шаҳрвандони кишвар дар ин самт бетараф бошанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи занбўриасалпарварӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд, бояд мо аз он самаранок истифода барем. Гузашта аз ин асал ва маҳсулоти асал барои солимии аҳолӣ муҳим аст ва истеҳсоли зиёди он метавонад ба буҷети маҳаллӣ даромади ҳангуфт оварад. “Имрўз аҳолии кишвар ба ғизои асил ва поки табиӣ ниёзманд аст. Бубинед, бозорҳои кишвар пур аз маҳсулоти химиявӣ ҳаст, ки ин бемуҳобо ба солимии ҷомеа хатарзост. Аммо асал дигар аст. Асал моро табобат мекунад“- мегўяд ин ҳамсуҳбати мо-.
Ба ақидаи Зайдулло Мирзоев соҳаи занбўрпарварӣ низ чун дигар соҳоти кишоварзӣ мушкилиҳои худро дорад. Аз ҷумла имрўз норасоии захираи хўроки занбўр дар кишвар бараъло эҳсос мешавад. 25-30 сол қабл хоҷагиҳои давлатӣ дар заминҳои кишт пахтаву ҷуворимакка барои дон ва юнучқаи зиёд мекоштанду занбўр ҳосили дилхоҳ медод,
Ба саволи мо, ки пурсидем чӣ бояд кард, то ин мушкилӣ то андозае роҳи ҳалли худро ёбад (?), чунин посух дод: “Оилаҳои занбўрро дар шароити кунунӣ ба кўҳсор бояд бурд, онҷо албатта барои ҳосили фаровон замина ҳаст, зеро кўҳсори мо ганҷ дорад, табиати нотакрору гиёҳҳои шифобахши зиёд дорад, ки занбўр метавонад аз он шаҳд гирд оварад“.
Бале, чун 93%-и ҷумҳуриро кўҳистон ишғол менамояд, ин пеш аз ҳама барои ташкил ва парвариш намудани занбўри асал шароити мусоид фароҳам меоварад. Тибқи хулосаи коршиносон заҳираҳои зиёди растаниҳои асалдиҳандаи ҷумҳурӣ, ки дар масоҳати зиёда аз 5-млн гектар доман густурдаанд, имкон медиҳад, ки ин ҷо зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбўри асал парвариш карда шаваду соле 10-12-ҳазор тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тоза ва миқдори зиёди маҳсулоти дигари занбўри асал, аз қабили мум, гарди гул, шири модарзанбўр, ширеш ва заҳри занбўр истеҳсол гардад. Ин ҳама барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар мамлакат, таъмини шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан сокинони ноҳияҳои кўҳистон имкониятҳои васеъро муҳайё менамояд.
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”