Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамасола баробари фаро расидани фасли тобистону оғози кишти такрории зироат танқисии оби полезӣ дар мамлакат мушоҳида мешавад. Санаи 2-юми июни соли ҷорӣ тариқи радиомаҷаллаи «Бозтоб» шикояти як гуруҳ кишоварзони ноҳияи Рўдакӣ дар мавриди танқисии оби полезӣ баррасӣ гардид. Дар заминаи ин гузориш мо масъалаи норасоии оби полезиро дар кишти такрорӣ ба баррасӣ мегирем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари кишварҳои камоби дунё мушкилоти обёрии заминҳои корамашонро ҳал намуданд. Ба гунаи мисол метавон давлати Исроилро номбурд, ки бовуҷуди надоштани оби ҷорӣ дар ин самт мушкилӣ надорад.
Воқеан ҳам оқилона ва самаранок истифода бурдани об дар кишвар на танҳо мушкилоти асосии соҳаи кишоварзист, балки он проблемаи асосии ҳамагуна қишрҳои хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб меравад. Коршиносон мутмаъинанд, ки аз ҳисоби сарфаи об дар хоҷагии қишлоқ метавон заминҳои нави корамро мавриди истифода қарор дод. Ба ибораи дигар самаранок истифода намудани об дар соҳаи обёрии заминҳои корам ба кишвар имкон медиҳад, потенсиали нави кишоварзӣ роҳандозӣ гардад.
Имрўз дар самти обёриии заминҳои корам кадом мушкилот ҷой дорад ва барои ҳалли ин мушкилот чӣ бояд кард? Посухи ин пурсишро аз коршиноси соҳа Шавкат Пулодов аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур пурсон шудем:
-Ҳамасола баробари фаро расидани фасли тобистону оғози кишти такрории зироат танқисии оби полезӣ ба таври чашмрас мушоҳида мегардад. Дар ин давра дар кишвар талабот ба оби полезӣ ба таври назаррас мушоҳида мешавад. Барои бартараф намудани ин мушкилот бояд аз усули обери қатрагӣ ва ё усули обпошӣ истифода барем. Обёрии қатрагӣ яке аз усулҳои самараноки сарфаи об ва рўёнидани ҳосили хуб дар замони муосир мебошад.
Ҳамсухбати дигари мо доктори илмҳои кишоварзӣ Курбоналӣ Партоев мегуяд, ки «вақте кишоварз аз обёрии қатрагӣ истифода мебарад, обро чанд баробар сарфа менамояд. Афзалияти дигари ин амал дар он зоҳир мегардад, ки вақт низ сарфа мегардад. Муҳимтар аз ҳама ин усул қабати ҳосилхези заминро намешўяд»
Бартарияти дигари системаи обёрии қатрагиро Шавкат Пулодов аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар муназамии обёрӣ мебинад. Инчунин, барои тақсими дурусти нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ин амал хеле мусоид аст. Ў мегуяд, ки «метавон маҳз тавассути ин усул ҳосилнокии заминро дучанд намуд».
Гузаштан ба обёрии қатравӣ талаботи айём аст, зеро иқлими сайёра сол аз сол тағйир ёфта, камобӣ мушоҳида мешавад. Имрўзҳо обёрии қатрагӣ бештар дар кишварҳое, ки иқлими хушк доранд, ба монанди Австралия, Исроил, Мисри Араб ва кишварҳои аз лиҳози кишоварзӣ муваффақ Зеландияи нав, Австрия, Франсия, Германия ва ғайра паҳн гаштааст. Агар ба омор рў оварем, дар кишвари Исроил барои обёрии 1 гектар замин аз 4 то ба 6 ҳазор метри кубӣ об истифода мешавад. Дар кишвари мо солҳои қаблӣ барои обёрии 1 гектар пахтазор наздики 14 хазор метрии кубӣ об истифода мешуд. Яъне кишоварзони мо тақрибан 3 маротиба бештар обро истифода мебурданду ҳосили кам ба даст меоварданд. Муҳимтар аз ҳама, имрўз таҷриба исбот кардааст, ки бо ин усул метавон ҳосилнокии заминро дучанд намуд. Чун Тоҷикистон кишвари аграристу соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодии кишвар нақши калидиро мебозад, моро месазад, ки рушди соҳаро бозҳам тақвият бидеҳем ва аз усулҳои модерн истифода намоем.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”