Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод мевазад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи огоҳии Агентии обуҳавошиносӣ аз 3 то 5 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои водибудаи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво то 36+410, дар ноҳияҳои ҷаннубӣ то 42+450 аз эҳтимол дур нест. “Рӯзҳои 2 то 4 июн дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест”,-илова кардааст манбаъ.
Агентӣ ба ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, бемориҳои диққи нафас ва қалб ҳангоми чангу ғубор тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ва дигар минтақаҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар навбати худ мегӯяд, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯши эҳтимолӣ вобаста ба ногаҳон омадани сел тоза кардани ҷӯйбору каналҳо, селравҳоро фаромӯш насозанд.