Қуръакашии мавсими ҷадид барои футзал: вақт ва рақибони дастаҳо маълум шуд

 Маросими қуръакашии мавсими ҷадиди Лигаи касбии футзали Тоҷикистон (Серия ПРО)  дар толори маҷлисии ФФТ   баргузор гардид.  Дастаҳо дар даври аввал рақибонашонро пайдо намуданд.

Дар маросими қуръакашӣ роҳбари Лигаи касбии футзал Фурқат Аҳмадҷонов  ва намояндаи дастахо, ки аксарияти онҳоро президентони клубҳо  ташкил медод иштирок карданд.

Пеш аз ифтитоҳи ин маросим  Фурқат Аҳмадҷонов иброз доштанд, ки «Дар мавсими ҷадиди лигаи касбии футзал қариб,  ки таҳавуллот дида намешавад. Ба мисли солҳои қабли рақобатҳо дар бозии рафту баргашт гузаронида мешаванд».  Зимни нишаст сарони дастаҳо таклифу пешниҳодҳои худро дар мавсими ҷадид пешниҳод карданд ва аз ҷониби масъулин хуб пазируфта шуд. Набудани доварони махсус оид ба футзал яке аз мушкилотҳо буд, ки илоҷашро ба соли дигар монданд. Имсол дар Лигаи Касбии Футзал (Серия ПРО)   6 даста миёни   ҳам рақобат мекунанд.

«СИПАР»-и Хуҷанд

«СОРО КОМПАНИЯ»-и Душанбе

 «АМОНАТБОНК»-и Бонки Миллӣ

«ИСТИҚЛОЛ»-и Душанбе

«САМАНДАР»-и Турсунзода

«ПОЙТАХТ»-и Душанбе

    Баъд аз қуръакашӣ маълум гардид, ки дар даври аввал  19-уми июн баргузор  гардида, тими футболи хурди   «Истиқлол»-и Душанбе бо «Самандар»-и Турсунзода  саннаи мазкур соати 12 : 00  «Соро Кампания» бо «Амонатбонк» соати 15 : 00 ва соати 18: 00 тими навтаъсиси «Пойтахт» бо Сипари Хуҷанд андари майдон мешаванд.

Зиёвиддин Назаров

 радио “Тоҷикистон”