7 июн дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон машғулиятҳои таълимӣ ба анҷом мерасанд.
Дар ин бора фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июн ҷамъбаст мегардад.
Ба навиштаи сомонаи Вазорат “аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 9 июн то 17 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 9 июн то 16 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн” гузаронида мешаванд.