Нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе ба муҳимтарин таҳавулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла қарори БМТ барои барҳам додани ду бонки муфлисшудаи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”, қарзҳои ҳангуфти сохторҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз музди меҳнат, барқ ва андоз, суду зиёни муҳоҷират ва ояндаи нақлиётӣ ҷамъиятӣ дар пойтахт таваҷҷуҳ кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 май хабар дод, ки дар ин навишта Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро доир ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ, шуниданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ҳарчи зудтар барқарор кардани иншооти аз офати табиӣ зарардида, суръати корҳоро тезонанд.
Зимни суҳбати телефонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошок, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, сабзавот ва полизиҳо ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо доданд.
Инчунин ба сарвари давлат раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор, Файзобод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва шаҳри Панҷакент доир ба рафти кишти картошка ва иҷрои нақша ҳисобот доданд.
“Ҷумҳурият” дар ин шумораи хеш ҳамчунин мақолае бо номи “Ёвон. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 доғ дар моҳтоб” чоп карда, аз ҳолати бади ин мактаб ба шиддат интиқод кардааст. Муаллиф навиштааст: “Баробари ворид шудан аз дарвозаи мактаб кас гумон мекунад, ки як аср ба қафо уфтодааст. Фарши синфхонаҳо гилин аст. Як қисми бинои он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Саҳни муассисаи таълимӣ аз сабзкорӣ орист, дар рафҳои китобхонаи он ба ҷуз аз китобҳои дарсӣ ҳамагӣ чанд китоби бадеӣ мавҷуд асту халос. Дар мавриди синфхонаи компютерӣ, лабораторияҳои озмоишӣ ҷои гап ҳам нест. Ин манзараи яке аз синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 дар деҳаи Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон мебошад “
Дар идома муаллиф аз амалкарди Исломиддин Насров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон интиқод кардааст, ки ба кори хабарнигор, аз ҷумла аксбардорӣ аз ин муассисаи таълимӣ монеъ шудааст. Ба хулосаи муаллиф талоши мудири маориф барои пинҳон кардани ҳақиқати ҳол бори дигар собит намуд, ки кормандони шуъбаи маорифи ноҳи Ёвон дар бораи муассисаи таълимии № 3 ҳақиқати ҳолро на танҳо то ҳол ба мақомоти болоӣ нагуфтаанд, балки дар баробари ин, пайи ислоҳи камбудиҳо коре накардаанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 25 май бо нашри мақолае суду зиёни муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ кардааст. Муаллифи матлаб Лоиқназар Мумин, муовини директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ навиштаст, ки аз як сӯ маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи муҳими амалиёти молиявӣ дар низоми бонкии кишвар буда, мавҷудияти асъори хориҷиро дар бозори дохилӣ таъмин ва дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, муҳоҷирони бо тахассус, бахусус, дар соҳаи сохтмон баргашта, талаботи бозори дохилиро ба мутахассисони касбӣ қонеъ менамоянд, дар натиҷа, эҳтиёҷ ба мутахассисони хориҷӣ дар соҳаи сохтмон намемонад.
Ҳамзамон муаллиф афзудааст, ки аз ҷониби дигар муҳоҷирати захираҳои зеҳнӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба рушди соҳаҳои алоҳидаи кишвар таъсири манфӣ расонида, дар тафаккури муҳоҷирони ҷавон раванди бегонашавӣ аз ҳувияту номуси миллӣ, рафторҳои ғайриахлоқии бегона ба фарҳанги миллӣ шакл мегирад. Инчунин муҳоҷирати меҳнатбӣ ба ҷалб намудани ҷавонон барои ворид шудан ба гурӯҳҳои тундгаро ва истифода намудани онҳо бар зидди кишварҳояшон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ мусоидат мекунад.
Нашрия “Садои мардум” дар матлаби дигаре аз вазъияти ногувори роҳҳои маҳалӣ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, аз қавли Музаффар Холиқов сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон навиштааст, ки тайи се моҳи аввали соли равон аз буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Вахш ва ноҳияи Панҷ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. Ин дар ҳолест, ки аксарияти роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи Бохтар ба таъмир ниёз доранд.
Дар ин росто даҳҳо ронанда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зимни суҳбат бо муаллифи матлаб аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки валангор будани роҳҳои маҳаллӣ боиси тез-тез фарсуда гаштани мошинҳо мешавад.
Дар идома сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ Талбӣ Мирзоев, гуфтааст, аз 239 километр роҳи маҳаллии ҳудуди ин ноҳия 50 фоиз вазъи ногувор доранд, аммо соли гузашта аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо нагардид.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 27 дар сармақолаи худ бо номи “Муфлисҳо. Оё амонатгузорон метавонанд пули худро бозпас бигиранд?” паёмади барҳам додани “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро баррасӣ кардааст.
Нашрия бо такя ба иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) навиштааст, ки маблағи 23,7 ҳазор амонатгузор ё худ 86% муштариёни “Агроинвестбонк” ва 3,5 ҳазор амонатдор ё худ 64% муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт мешавад.
Пулҳои боқимонда амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби ин Хазина қисман баргардонида шуда, маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо парддохт мешавад.
Бад ин тартиб гуфта мешавад, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба диққати пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Хазина пурра ҷуброн карда мешавад. Ҳамзамон нашрия ёдовар шудааст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ муҳлати изофӣ барои барҳам додани “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ба итмом раисд, аммо то ҳол муштариён натавонистан аз “Тоҷпромбонк” 50 млн сомонӣ ва “Фононбонк” 5 млн сомонӣ амонатҳои худро бозпас бигиранд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 май низ бо нашри мақолае суол гузоштааст, ки баъди барҳам додани “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” сарнавишти пули амонатгузорон чӣ мешавад?
Муаллифи мақола навиштааст, ки “Агроинвестбонк” аз 27 ҳзаор 700 муштарии худ 661.8 млн сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” 5 ҳазору 500 нафар ба маблағи 344 млн сомонӣ қарздор ҳастанд. Нашрия ёдовар мешавад, ки ду бонки номбурда, баъд аз “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” аз ҷумлаи чаҳор бонке ҳастсад, ки фаъолияташон қатъ шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров коршиноси масоили иқтисодӣ гуфтааст, ки барҳам додани “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” нобоварии сокинонро ба низоми бонкии кишвар бештар карда, ҳамакнун мардум ба ҷойи амонатгузорӣ пул дар бонкҳо, ба хариди амволи ғайриманқул хоҳанд пардохт.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумора, аз нишасти хабарии сафири Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исо матлабе чоп карда, дар робита ба талафоту хисороти воридшуда дар ҳамлаи ахири давлати Исроил ба Навори Ғазза маълумот додааст.
Луай Исо дар ин нишаст, ки дар сафорати Фаластин дар Душанбе баругзор шуд, гуфтааст, ки мардуми кишвараш ба муборизоти хеш барои ташкили кишвари мустақил ба пойтахтии Байтулмуқаддас идома хоҳад дод. Вай дар мавриди ҳамалот ва таҷовузҳои ваҳшиёна алайҳи Борикаи Ғазза ва фаластиниҳо тайи рӯзҳои 10 то 21 май соли ҷорӣ гуфт, бар асари ин ҳамлаҳо 278 тан, аз ҷумла 69 кӯдак, 39 зан ва 17 нафар пиронсолон кушта шуда, 8 ҳазору 900 тан захмӣ шудаанд. Танҳо дар Навори Ғазза шумори кушташудагон ба 248 нафар расидааст.
Сафири Фаластин дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки танҳо роҳи барқарории сулҳ дар Фаластин озодии комили ин сарзамин аз ишғоли Исроил буда, Фаластин ва марудми он ҳеҷ гоҳ таслим нахлҳанд шуд ва аз ҳаққи худ даст нахоҳанд кашид.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 26 май мақолае бо номи “Қарзи меросӣ?” чоп карда, аз вазъияти ногувори сохторҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ изҳор нигаронӣ кардааст. Муаллиф дар ин матлаб навиштааст, ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир аз музди меҳнати кормандон 1 млн 179 ҳазор сомонӣ, аз барқ наздики 60 млн сомонӣ ва андоз беш аз 18 млн 250 ҳазор сомонӣ қраздор ҳастанд.
Маъсулини сохторҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ гуфтаанд, ки сабабгори асосии ин ҳолат напардохтани ҳаққи истифодаи об аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об дар вилояти Хатлон аст.
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 27 май дар мақолае бо номи “Осорхонаи матруки Айнӣ…” бар ҳифзи Хона-музейи шахситҳои барҷасти таърихи муосири Тоҷикистон таъкид кардааст. Муаллиф баъди боздид аз хона-музейи устод С.Айнӣ дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки се тарафи ин осорхонаро биноҳои баландошёна танг карда, хатари аз байн рафтани ин макон вуҷуд дорад.
Нашрия ёдовар шудааст, ки чанде қабл ҳатто соҳиби бонуфузи ширкати сохтмонӣ қасд дошт ҳавлии хона-музейи устод Айниро тахриб кунад. Дар хулоса муаллиф пешниҳод кардааст, ки барои ҳифзи осорхонаи хурду бузург дар Душанбе бояд қарори махсус аз сӯи Ҳукумати ҶТ қабул карда шавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”