Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсимоти шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. То имрӯз тақсими китоби мазкур дастраси сокинони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ гардонида шудааст. Имрӯзҳо тақсими ин шоҳасар дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.
Тӯли чанд рӯз аст, ки тақсими Китоби «Тоҷикон» дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад. Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Гулистон ин китоби тозанашр ба ҳар як оила дастрас гардида истодааст. Тавре муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Саида Воҳидова иброз медорад, китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва худшиносии ҳар як хонаводаи ин кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт. Ҳамчунин, Саида Воҳидова илова намуд, ки китоби Тоҷикон аллакай дар 10 деҳаи ҷамоати деҳоти Гулистон тақсим карда шудааст: “Дар ҳафтаи охир ҳудуди 4911 нусха китоби “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи деҳаҳои ҷамоати деҳоти Гулистон дастрас гардид. Бо боварӣ метавонам гӯям, ки бо дастрас гардидани китоб ҳар як аъзои оила бо фарҳанг, таърих ва тамаддуни халқи хеш огаҳӣ пайдо менамояд”.
Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз ин тӯҳфаи пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён гирифта истодааст шоду масрур гардидаанд. Сокини ҷамоати мазкур Рустам Мирзоев иқдоми пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро саривақтӣ ва зарурӣ дониста, чунин ибрози ақида намуд: “Мо сокинони ҷамоати деҳоти Гулистон аз он хушнуд ҳастем, ки имрӯз тӯҳфаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси мо гардид. барои бохабар шудан аз таъриху фарҳанг ва маданияти мардуми шарифи тоҷик китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров муҳим ва саривақтӣ аст.”
Маврид ба зикр аст, ки китоби “Тоҷикон” асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик ва давраҳои гуногуни таърихи он аз давраи қадим то замони нав дар давраи ҳасоси Иттиҳоди Шӯравӣ бо диққати олимона аз тарафи аллома Бобоҷон Ғафуров эҷод шудааст. Донистани таърихи гузаштагон дар замири ҳар фарди кишвар ҳисси меҳандӯстиро бедор намуда, насли ояндаро дар рӯҳияи ватанпарварӣ ба камол мерасонад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”