Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Гулов Диловарро таҳти пайгард қарор додааст.
Манбаъ менависад, ки Диловар қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст ва ин навбат барои содир намудани ҷинояти авбошии гурӯҳӣ тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста шудааст.
“Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доред, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳед. Маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта мешавад”,-менависад РВКД дар шаҳри Душанбе.
Бояд гуфт, ки аввали ҳафтаи гузашта дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт бо иштироки Диловар Гулов занозании гурӯҳи рӯх дод, ки ба иттилои расонаҳо як нафар бо корд маҷруҳ гардида буд.