Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва шароит фароҳам овардан барои мусофирон дар нақлиёти истифодаи умум, хусусан дар автобус ва тролейбусҳо кортҳои пардохти электрониро роҳандозӣ намуд. Инчунин шаҳрдорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии табақаи ниёзманд барои нақлиёти истифодаи умум кортҳои имтиёзӣ низ роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла барои наврасон, донишҷуён, нафақахурон, маюбон ва хизматчиёни давлатӣ кортҳои алоҳидаро ба роҳ мондааст.
Матраҳ мегардад, ки то кадом андоза дар нақлиёти истифодаи умум кортҳои пардохти электеронии ҳаққи роҳкиро истифода мебаранд ва муносибат мусофирон дар ин самт чӣ гуна аст. Дар робита ба ин масъала ҳамкорамон Наҷибуллои Ҳомидҷон аз дохили чанде аз автобусҳои мсофирбари шаҳри Душанбе мушоҳидае анҷом додаст, ки пешкаш мегардад.
Мушоҳидаи мо аз хизматрасонии хатсайри автобуси 11 –ум нишон дод, ки мусофирон ва бархе ронандагон низоми хизматрасонии кортӣ ва дигар қоидаҳои пешбинишудаи мусофиркашониро ба таври зарурӣ риоя намекунанд. Аз ҷумла, зимни як мушоҳида аз дохили автобуси тамғаи ISUZU рақами давлатияш 3578 ТТ 05 маълум шуд, ки ронанда ба ғайр аз 21 истгоҳ дар 13 ҷойи дигар таваққуфи нодуруст кард. Дар ин баробар мусофирон аз пули нақд истифода бурд.
Ба гуфтаи масъулини хатсайр нақлиёти мусофирбари автобус бояд аз нуқтаи А\ ба нуқтаи Б\, яъне аз таваққуфгоҳи автобусҳо дар кӯчаи Қаҳҳор Раҳимов то ба таваққуфгоҳи бозори «Балх» бояд дар 45 дақиқа рафта расанд, аммо дар натиҷаи мушоҳидаи мо махлум шуд, ки автобуси ISUZU рақами давлатияш 3578 ТТ 05 дар 56 дақиқа ба охири хатсайр расид. Инчунин, ҳангоми тадқиқот мушоҳида кардем, ки зиёда аз 90% -и мусофирон аз пули нақд истифода карданд. Яке аз онҳо, ки худро Гулбахор Ҳотамова муаррифӣ кард ва ба саволи мо, ки чаро корти электронӣ надорад, чунин посӯх дод: “Ман корти электронии нақлиётӣ дорам. Ҷое мешавад, ки ҳангоми ба корт пул гузаронидан терминалҳо кор намекунанд ё корт дар дохили терминал руст мемонад, барои кортро гирифтан бо онҳо занг задан лозим ва то гирифтани корт хело мушкилӣ пеш меояд. Бинобар ин ба ман хуб аст, ки як сомонӣ ба ронанда диҳаму ба ҷойи лозима рафта расам”.
Сарфи назар намудани талаботи пардохти ҳаққи роҳкирои электкронӣ танҳо дар хатсайри 11-ум нест, мушоҳидаи мо дар хатсайри 25-ум низ нишон дод, ки чунин мушкилӣ дар ин хатсайр ҷой дорад. Дар робита ба ин масъала, яъне истифода набурдан аз корти электронии пардохти ҳаққи роҳкиро ронандаи автобуси хатсайри 25 Ҳабибулло Ашӯров, ба мо гуфт, ки “Мо кортҳои тахфифӣ дорем ва ҳамон маблағҳое, ки мусофирон нақдӣ пардохт мекунанд, онро ба корти тахфифиамон гузаронида ба масъулинамон месупорем”.
Дар ҳамин ҳол, муовини директрони Корхонаи коммуналии автобуси 1 Алишер Алиев зимни суҳбат ба мо гуфт, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар самти ба низом даровардани вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар тақвият дода мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, ронандагоне, ки қоидаҳои хизматрасониро риоя намекунанд, тибқи муқаррарот аз кор барканор карда мешаванд. “Мо дар асоси муқарароти фаъолиятамон ҳамон ронандагоне, ки қонуну танзими кориро риоя намекунанд чораҳои зарурӣ андешида баъд аз огоҳониданҳо аз кор бартараф менамоем”- гуфт, Алишер Алиев.
Дар охир ёдовар мешавем, ки дар назар аст нисбат ба нафароне, ки автобусу тролейбусҳои пойтахтро бидуни корти нақлиётӣ истифода мебаранд, дар ҳаҷми чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 15 сомонӣ ҷарима мешавад.
Бояд гуфт, ки низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе аз 21 июли соли 2017 ҷорӣ шудааст. Ҳадафи Лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум гуфта мешавад.