Раёсати Агентии назорати маводи нашъовар дар ВМКБ як сокини ноҳияи Шуғнонро бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд.
Ба навиштаи Агентӣ, гумонбар Фаромуз Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияташ ба тафтишот номаълум, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон даст задааст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков таалуқ дошт 50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад»,-гуфтааст манбаъ.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Аҳмадбеков Фаромуз Аҳмадбекович бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки давоми 12 моҳи соли 2020 аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 52 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб 100кг воситаи нашъадор мусодира шуд. Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба суистеъмоли маводи нашъаовари ВМКБ, ки таҳти раёсати Ёдгор Файзов доир шуд, қайд гарда буд.
Сомонаи мақомот навишт, ки раиси вилоят Ёдгор Файзов аснои таҳлили масъала фаъолияти баъзе аз сохторҳои давлатиро дар самти ҷилавгирӣ, фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр кард, ки мутаассифона, фурӯши маводи мухаддир дар ҷомеа зиёд гардида истодааст.